Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ду сехи истеҳсоли оксилен ба истифода дода шуд

Санаи 11-уми июни соли равон бо иштироки муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизен дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ду сехи истеҳсоли оксиген мавриди истифода қарор гирифт.

Бо назардошти он, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат ба шумор меравад, як сехи истеҳсоли оксиген дар шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ҷойгир карда шудааст, ки барои занони ҳомила ва тифлони навзод дар ҳолати зарурият хизмат мерасонад.

Иттилоъ дода шуд, ки тамоми шуъбаҳои таваллудхона бо хати оксиген таъмин гардида, барои фаъолияти сехҳои мазкурро ба роҳ мондан мутахассисон омӯзонида шудаанд ва аллакай мустақилона кори сехҳоро идора мекунанд.

Тавассути сехи дигари истеҳсоли оксигени дар беморхонаи мазкур ҷойгиргардида имкон ҳаст, ки дар баробари таъмини беморони худи муассисаи тандурустӣ, ҳамзамон ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи ноҳияи Данғара низ дар ин самт хизмат расонида шавад.

Пас аз ба истифода додани сехҳои истеҳсоли оксиген муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизен бо фаъолияти шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара шинос шуданд.

Дар ин ҷо ҳамзамон Ғафур Муҳсинзода бо як қатор наздикони беморон ва худи беморон низ суҳбат намуда, доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Дар умум, бо мавриди истифода қарор додани ду сехи истеҳсоли оксиген дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардида, эҳтиёҷоти беморон дар ин муассисаи тандурустӣ бо он пурра таъмин хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ёвон: ба истифода додани Маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Норин

Ифтитоҳи Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дар шаҳри Бӯстон

Баррасии се масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Чорабинии иттилоотию маърифатӣ оид ба пешгирии бемории фарбеҳӣ

Эълони ҷойи кори холӣ дар филиали ширкати “Нормека Интернешнл АС” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram