Дар доираи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии  иқтисодӣ” ба муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ таҷҳизоти компютерӣ ва техникӣ дастрас гардид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025  зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи технологияи рақамӣ ва гузаштан ба системаи рақамикунонӣ дар тамоми соҳаҳо иброз доштанд, дар доираи маблағгузории “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии  иқтисодӣ” (гранти Бонки умумиҷаҳонӣ №1600-TJ) ба як қатор муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таҷҳизоти компютерӣ ва техникӣ тақсим ва дастрас карда шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд”.

Дар робита ба тақвият додани иқтидорҳои техникӣ ва нерўи корӣ барои таъмини раванди рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва гузаштан ба низоми электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар доираи маблағгузории “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” таҷҳизоти зерини техникӣ, аз ҷумла компютер (моноблок) ба миқдори 550 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер – 273 адад, дастгоҳи таъминкунандаи барқ – 550 адад, асбоби  пайвасткунанда ба нуқтаи барқ – 550 адад, ноутбук – 20 адад, планшет- 2 адад, системаи видео-конфоронсҳо -1 адад ва проектор бо экран – 2 адад харидорӣ гардиданд.

Таҷҳизоти болозикр ба сохторҳо ва муассисаҳои зерини соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли ҷорӣ тақсим карда шуданд:

Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: компютер (моноблок) -106 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер – 76 адад, асбоби  пайвасткунанда ба нуқтаи барқ – 106 адад;

Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ: компютери (моноблок) – 92 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер – 61 адад, асбоби  пайвасткунанда ба нуқтаи барқ – 92 адад;

Бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар 68 шаҳру ноҳия: компютер (моноблок) – 136 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер – 68 адад, асбоби пайвасткунанда ба нуқтаи барқ -136 адад;

Муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: компютер (моноблок) – 36 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер-18 адад, асбоби  пайвасткунанда ба нуқтаи барқ – 36 адад;

Марказҳои минтақавӣ ва шуъбаҳои хизматрасонӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ: компютер (моноблок) – 150 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер-50 адад, асбоби  пайвасткунанда ба нуқтаи барқ – 150 адад;

Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: ноутбук-11 адад, компютер (моноблок)-7 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер – 6 адад, проектор бо экран – 4 адад,  планшет – 1 адад, асбоби  пайвасткунанда ба нуқтаи барқ 7 адад;

Муассисаи давлатии “Маркази иттилоотию таҳлилии низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”: компютер (моноблок)-15 адад, асбоби  пайвасткунанда ба нуқтаи барқ – 15 адад, ноутбук – 5 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер – 2 адад, принтери ранга -1 адад, планшет -1 адад, проектор бо экран -1 адад, видео-системаи конфронсӣ -1 адад;

Гуруҳи татбиқи “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”: компютер (моноблок) – 8 адад, ноутбук – 4 адад, дастгоҳи чопкунанда/нусхабардор/сканер – 4 адад, асбоби  пайвасткунанда ба нуқтаи барқ – 8 адад, принтери ранга -1 адад, проектор бо экран- 1 адад, видео-системаи конфоронсӣ – 1 адад.

Бояд гуфт, ки тақвият бахшидани иқтидори техникии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иқдоми саривақтӣ буда, ин раванд дар оянда фаъолияти устувори соҳаро таъмин менамояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search