Дастгирии кӯдакони ниёзманд дар меҳвари таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон

10-уми январи соли 2026 аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакони бепарастори деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Туҳфаҳоро масъулини Раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба кӯдакон супориданд.

Бояд гуфт, ки ин иқдоми хайрхоҳона дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ амалӣ гардид.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд:

“Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва табақаҳои ниёзманди ҷомеа яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва Ҳукумат ба шумор меравад”.

Тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ ба кӯдакон боиси болидахотирии онҳо гардида, ҳисси меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва умед ба ояндаи дурахшонро дар дилҳои ҳар кадоми онҳо тақвият бахшид.

Бояд гуфт, ки чунин иқдомҳо барои тарбияи насли солим, худогоҳ ва ватандӯст аҳамияти махсус доранд.

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро пайгирона идома хоҳанд дод.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Барои беморони саратони ғадуди зери меъда аввалин маротиба дар кишвар ба воситаи таҷҳизоти видеоэндоскопӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва система барои доруи қатрагии ҶДММ «Сино медикал» дар шаҳри Истаравшан

Ӯзбекистон: иштироки мутахассисони тоҷик дар даври омӯзишӣ дар самти такмили ихтисоси менеҷмент ва идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ

ХИЗМАТРАСОНӢ БА БОШАНДАГОН БЕҲТАР МЕГАРДАД. Дар Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

Баррасии чор масъала дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram