Диққат, эълон!

Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ ҳамасола дар саросари олам 7-уми апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад.

Бахшида ба ин сана бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 05-ум апрели соли равон аз соати 8.00 то 12.00 дар тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакат, аз ҷумла дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо машварат ва ташхису муоинаи ройгони шаҳрвандон (ба истиснои ташхису табобати гаронарзиш) гузаронида хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки чорабинии расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи 05-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти вазорат, устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ баргузор мегардад.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ баргузор хоҳад шуд.

Аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин чорабинӣ иштирок намудаву аз имконият ва шароити мусоид истифода бурда, вазъи саломатии хешро боз ҳам беҳтар намоянд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Рўзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори «Оғози солими ҳаёт – гарави ояндаи некуфарҷом» қайд карда мешавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search