Гардиши шабонаи роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо кардан аз рафти фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини соҳа, аз ҷумла кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат шаби 17 феврали соли равон гардиши шабона анҷом дода, бо фаъолияти шабонаи марказҳои ҷумҳуриявӣ, беморхонаҳои марказӣ ва таваллудхонаҳо шинос шуданд.

Дар доири ин иқдом вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти шабонаи Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон” ва Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе” боздид кард.

Аснои боздиди хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳолати муассисаҳои бистаринамоӣ, ҷараёни фаъолияти шабонаи онҳо, назорати беморон, вазъи санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо доруворӣ, ҳолати таҷҳизотҳои тиббӣ шинос гашт.

Дар муассисаҳои тандурустӣ ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти табобати беморон низ шинос гашта, бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.

Зимни суҳбат бо беморон ва наздикони онҳо қайд гардид, ки таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат мақоми махсус дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Муовини якум ва муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз Марказҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб ва Файзобод низ дидан ба амал оварда, бо фаъолияти шабонаи онҳо шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки инчунин кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ аз ҷараёни фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ дидан карданд.

Ҳамин тавр, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа ба роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мавриди қайд аст, ки ҳадаф аз ташрифи роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа ба муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти онҳо, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикону пайвандони эшон, баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки гардиши шабонаи роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома дода мешавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search