Ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Нақши аудити ҳолатҳои буҳронӣ барои беҳтар намудани сифати ёрӣ ба модарони гирифтори хунравиҳои акушерӣ ва преэкламсияҳои вазнин»

12-уми сентиябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Давлатзода Гулҷаҳон Қобил – директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон рисолаи доктории хешро дар мавзӯи “Нақши аудити ҳолатҳои буҳронӣ барои беҳтар намудани сифати ёрӣ ба модарони гирифтори хунравиҳои акушерӣ ва преэклампсияҳои вазнин” ҳимоя намуд.

Барои баҳо додани моҳияти рисолаи пешниҳодшуда муқарризони расмӣ Айламазян Эдуард Карпович, доктори илмҳои тиб, профессор, академики АИТР, ходими хизматнишондодаи илм, профессори кафедраи акушерӣ, гинекология ва репродуктологияи донишкадаи тиббии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва Мамараҷабов Собирҷон Эргашович, доктори илмҳои тиб, декани факултаи таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд иштирок ва баромад намуданд.

Бояд гуфт, ки зимни мавзуъҳои рисолаи докторӣ муҳимтарин масъалаҳои соҳаи акушерӣ, гинекологӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск