Рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон конфронси минтақавии барномаи «Як саломатӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, гурӯҳҳои татбиқ ва идоракунии лоиҳаҳо, лабораторияҳои байторӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ-татқиқотӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа Саид Давлатзода, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии тиббии вазорат ширкат варзид.
Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (РЭЦЦА) ва Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи «Як саломатӣ»-и назди Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба тандурустии ҷамъиятии Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур- ин таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар доираи муносибати «Як саломатӣ», рушди муколамаи байнисоҳавӣ миёни соҳаҳои тандурустии инсон, саломатии ҳайвонот ва муҳити зист, инчунин гузариш аз марҳилаи таҳияи барнома ба марҳилаи татбиқи амалии он арзёбӣ гашт.
Ҳамин тавр, дар рӯзи аввали конфронс масъалаҳои пешрафти татбиқи барномаи «Як саломатӣ» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дурнамои ҳамкории минтақавӣ, мубодилаи маълумот ва таҳкими назорати муштараки эпидемиологӣ, инчунин омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, таҷрибаи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои солҳои 2026–2030 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар доираи чорабинӣ инчунин ҷаласаи чоруми Шӯрои минтақавии ҳамоҳангсоз оид ба «Як саломатӣ» баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои миллии ҳамоҳангсоз, пешрафти татбиқи барномаи минтақавӣ ва нақшаи корӣ барои соли дуюм баррасӣ шуда, масъалаҳои стратегии ҳамкорӣ барои соли 2027 муҳокима гардиданд.
Рӯзи дуюми чорабинӣ ба рӯзи илмии минтақавӣ оид ба «Як саломатӣ» бахшида шуда, дар он масъалаҳои муҳими илмӣ ва амалӣ, аз ҷумла таъсири тағйирёбии иқлим ба саломатӣ, назорати эпидемиологӣ, бемориҳои зоонозӣ, муқовимат ба доруҳои зиддимикробӣ ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ баррасӣ шуданд.
Дар доираи рӯзи илмӣ масъалаи ҳамкории лабораторияҳои байниидоравӣ барои мубориза бо бемориҳои зоонозӣ дар Тоҷикистон низ муаррифӣ гардид. Инчунин таҷрибаи кишварҳои минтақа дар самти назорати бемориҳои сироятӣ ва зоонозӣ пешниҳод карда шуд.
Яке аз самтҳои муҳими конфронс таҳкими иқтидори илмӣ ва касбӣ буд. Барои иштирокчиён ҷаласаи махсус оид ба такмили маҳорати таҳияи мақолаҳои илмӣ ва омодасозии постерҳои илмӣ баргузор гардида, масъалаи омодагӣ ба нашри махсуси Осиёи Марказии маҷаллаи илмии Science in One Health баррасӣ шуд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки татбиқи самараноки муносибати «Як саломатӣ» ҳамкории зич ва ҳамоҳангшудаи соҳаҳои тандурустии инсон, байторӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зистро талаб мекунад. Ҳамкории минтақавӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, таҳкими назорати муштараки эпидемиологӣ ва омодагӣ ба таҳдидҳои нави саломатӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими минбаъдаи ҳамкорӣ боқӣ мемонанд.
Баргузории конфронс ба таҳкими ҳамоҳангсозии минтақавӣ, муайян намудани афзалиятҳои муштарак ва фароҳам овардани замина барои татбиқи амалии барномаи «Як саломатӣ» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намуд.


