Иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд

Аз 19 то 23-юми майи соли равон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд ва чорабиниҳои канории Барномаи ҳаёт ва воситаҳо барои ҳаёт (LLF) доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд дар кишвар лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” бо муваффақият ба анҷом расида, ҷиҳати пайгирии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани назорати вориди доруҳои пастсифат ва қалбакӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дорувории ватанӣ лоиҳаи “Пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути назорати миллии сифати дору ва маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои рушду густариши ҳамкорҳои Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд дар соҳаи тандурустӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё мебошанд ва ин ҳамкориҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи канорӣ оид ба саҳми Барномаи ҳаёт ва воситаҳо барои ҳаёт ва музокироти интерактивӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва ҳамзамон вазирони тандурустии ҷазираи Малдив ва Серра Леон низ иштирок намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search