Иштироки Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд

Аз 19 то 23-юми майи соли равон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд ва чорабиниҳои канории Барномаи ҳаёт ва воситаҳо барои ҳаёт (LLF) доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд дар кишвар лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” бо муваффақият ба анҷом расида, ҷиҳати пайгирии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани назорати вориди доруҳои пастсифат ва қалбакӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дорувории ватанӣ лоиҳаи “Пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути назорати миллии сифати дору ва маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои рушду густариши ҳамкорҳои Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд дар соҳаи тандурустӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё мебошанд ва ин ҳамкориҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи канорӣ оид ба саҳми Барномаи ҳаёт ва воситаҳо барои ҳаёт ва музокироти интерактивӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва ҳамзамон вазирони тандурустии ҷазираи Малдив ва Серра Леон низ иштирок намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Раванди амалисозии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

ДАЪВАТ БА ОЗМУН

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Саҳми Шайхурраис, файласуф, табиби ҳозиқ Абуалӣ ибни Сино дар рушди соҳаи эндокринология

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Зулфия Абдусаматзода бо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар вилояти Хатлон шинос шуд

Search