КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

Тавсифи мухтасари барнома ва мақсадҳои он

Барномаи кумакҳои унвони иҷтимои яке аз барномаҳои муҳими иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Қонун “Дар бораи кумакҳои иҷтимоии унвонӣ” (аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дорад) татбиқ мегардад. Мақсади асосии барнома дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳост.

Мақсадҳои асосӣ:

  • Дастрасии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат
  • Барҳам додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ дар ҷомеа
  • Беҳтар намудани шароити зиндагии қишри осебпазири аҳолӣ
  • Таъмини адолати иҷтимоӣ дар тақсимоти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Принсипҳои кории барнома:

  • Адолат дар интихоби баҳрабарандагон
  • Шаффофият дар ҷараёни тақсимот
  • Назорати муассир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
  • Истифодаи максималӣ аз воситаҳои техникии муосир

Тавсифи категорияҳои баҳрабарандагон ва меъёрҳои гирифтани хидматҳо

Категорияҳои асосии баҳрабарандагон:

  1. Шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат
    • Оилаҳои камбизоате, ки даромади ҳаддии ақаллашон аз меъёри муқарари пасттар мебошад
    • Оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси қобили меҳнат доранд, кумакҳои унвони иҷтимои шартан ба муҳлати 6 моҳ дода мешавад
    • Оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахсони имконияташон маҳдуд доранд
    • Оилаҳои камбизоате, ки дар ҳайати худ кудакони то синни 16 сола доранд
    • Оилаҳое камбизоате, ки дар ҳайати худ шахси пиронсоли аз 80 сола бола, ки гирандаи нафақаи иҷтимои мебошанд
  2. Категорияҳое, ки аз ҳисоботи даромад истисно мешаванд:
    • Шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд
    • Шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд
    • Шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд

Меъёрҳои гирифтани хидматҳо:

Андозаҳои кумакпулӣ барои соли 2025:

  • Аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимой барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ ба андозаи 11 (ёздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан:
    • 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдаки то 16 сола
    • 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси маъюб дошта, дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимой ё мактаб-интернатҳо фаро гирифта нашудаанд
    • 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои пиронсолони аз 80-сола болои аъзои оилаи камбизоат, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд ва дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта нашудаанд, ташкил дода, ҳар семоҳа ба андозаи 25 дарсади андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ:

1. Қонуни ҶТ “Дар бораи кумакҳои иҷтимоии унвонӣ № 1396 аз 24.02.2017 (аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дорад)

2. Қарори Ҳукумати ҶТ №488 аз 30.08.2024 “Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ оид ба кумакҳои унвонии иҷтимоӣ:

3. Қарор №488 аз 30.08.2024 – Дар бораи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ

4. Фармоиши МЗСЗН №509 аз 07.08.2025 “Дар бораи тасдиқи Методикаи муайян намудани камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандон ва индикаторҳои муайянкунандаи вазъи некуаҳволии аҳолӣ барои таъин кардани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ”

5. Дастураламалҳои техникӣ:

  • Фармоиши №908 аз 25.12.2024 – Дар бораи тасдиқи дастураламали ба кор таъин ва аз кор озод намудани нозир-коргузорон
  • Фармоиши №04 аз 28.01.2025 – Дар бораи тасдиқи намудани Дастураламали вазифаи нозир-коргузор
  • Фармоиши №67 аз 03.02.2025 – Дар бораи дастураламали мувққатӣ дар бораи ба кор таъин ва аз кор озод намудани кормандони иҷтимоӣ
  • Фармоиши №6 аз 5.02.2025 – Дар бораи дастураламали вазифавии кормандӣ иҷтимоии назди мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
  • Фармоиши №869 аз 12.12.2024 – Дар бораи тартиби гузаронидани санҷиши эътимоднокӣ

Маълумоти тамос барои гирифтани машваратҳо

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ:

ш. Душанбе, кӯчаи Рудакӣ, 69 Телефон: (992) 372 21-15-32 Email: info@moh.tj Сайт: www.moh.tj

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии МЗСЗН:

Нишонӣ: ш. Душанбе Телефон барои маслиҳат: (992) 372 446100057 Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

Шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо: Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

  • Душанбе: 4 ноҳия (992) 987 41 0000
  • Ноҳияи Рашт: 13 шаҳру ноҳияҳо (992) 918 65 6538
  • Вилояти Суғд: 18 шаҳру ноҳияҳо (992) 927 61 1411
  • Вилояти Хатлон: 25 шаҳру ноҳияҳо (992) 930 55 5268
  • ВМКБ: 8 шаҳру ноҳияҳо (992) 935 33 8356

Марказҳои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои унвони иҷтимоӣ дар минтақаҳо: Соатҳои корӣ: Душанбе-Ҷумъа: 08:00-17:00

  • Маркази ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ш. Душанбе (992) 111 11 8863
  • Маркази ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар н. Рашт (992) 930060644
  • Маркази ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ш. Хуҷанд (992) 937419666
  • Маркази ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ш. Кулоб (992) 987 500065 Маркази ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ш. Хоруғ (992) 934113102

Нишондиҳандаҳои омории ва натиҷаҳои мухтасари татбиқи барнома

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба оилаҳои камбизоат:

Солҳои 2020-2025:

  • 2020: Маблағи умумӣ – 86,2 млн. сомонӣ | Шумораи оилаҳо – 215,538 | 8 нишондиҳанда (464 сомонӣ)
  • 2021: Маблағи умумӣ – 110 млн. сомонӣ | Шумораи оилаҳо – 238,972 | 8 нишондиҳанда (480 сомонӣ)
  • 2022: Маблағи умумӣ – 116,2 млн. сомонӣ | Шумораи оилаҳо – 218,357 | 8 нишондиҳанда (512 сомонӣ)
  • 2023: Маблағи умумӣ – 154,2 млн. сомонӣ | Шумораи оилаҳо – 218,604 | 9 нишондиҳанда (612 сомонӣ)
  • 2024: Маблағи умумӣ – 234,2 млн. сомонӣ | Шумораи оилаҳо – 234,313 | 10 нишондиҳанда (720 сомонӣ)
  • 2025: Маблағи умумӣ – 273,2 млн. сомонӣ | Шумораи оилаҳо – 222,903 | 11 нишондиҳанда (825 сомонӣ)

Натиҷаҳои муҳим:

1. Рушди барнома:

  • Афзоиши маблағгузорӣ аз соли 2020 то 2025 зиёда аз 3 маротиба.
  • Зиёд гардидани ҳаҷми андозаи кумакпулӣ ва хамзамон зиёд шудани нишондиҳандаи асосии буҷетӣ (аз 8 нишондиҳандаи асосии буҷетӣ то 11 бардошта шуд).

2. Фаъолияти созмонӣ:

  • Ташкили 5 маркази ҳамоҳангсозии кумакҳои унвонии иҷтимоии минтақавӣ дар манотиқи гуногуни кишвар.
  • Ташаккули феҳристи миллии ягонаи истифодабарандагони кумакҳои унвони иҷтимоӣ ва ҷорикунонии системаи электронии АСИСТ.
  • Таъсиси комиссияҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи давлатии шаҳру ноҳияҳо ва назорати доимии онҳо.

3. Дастовардҳои иҷтимоӣ:

  • Мусоидат ба беҳдошти вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии оилаҳои камбизоат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар
  • Муҳайё намудани шароит ба оилаҳои камбизоат ҷиҳати дастрасии фарзандонашон ба таҳсил дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ
  • Батадриҷ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат (дар 7 соли охир камбизоатӣ аз сатҳи 21.2% ба 11.2% коҳиш дода шавад)

 

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search