Марҳилаи навбатии ҳамкориҳои Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни вазорат ва Маркази интиқоли хуни Эрон

Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни кишвар таҳти роҳбарии директори генералии маркази мазкур Азиз Одиназода бо мақсади табодули таҷриба бо бахшҳои гуногуни Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари корӣ дар ин кишвар қарор доранд.

Дар доираи сафари кории хеш мутахассисони тоҷик дар маркази номбурда вобаста ба усулҳои нави табобати бемориҳои хун бо ҳамкасбони хеш табодули таҷриба намуданд.

Бояд гуфт, ки ин ҳамкориҳо дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази интиқоли хуни Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 январи соли 2025 ба имзо расида буд, амалӣ гашта истодаанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск