Маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон оғоз гашт

Субҳи имрӯз, 01-уми октябри соли равон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24-уми июли соли 2025, №408 иммунизатсияи нақшавии духтарони синни 10-сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ, яъне ҳар сол тибқи Тақвими миллии иммунизатсия дар кишвар ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, тибқи қарори мазкур шурӯъ аз имрӯз чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони 11-14-сола  низ шуруъ гашт, ки он то 31-уми октябри соли равон идома меёбад.

Тибқи нақша маъракаи иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам дар Тоҷикистон дар 4037 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида  мешавад.

Дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат чорабинии мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе низ бо иштироки мутахассисони соҳаи тандурустӣ оғоз шуд. Аз ҷумла дар нуқтаи тиббии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми кишвар баргузор гардида, нахуст фарзандони кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф ва илм ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро гирифтанд.

Дар ҳамин замина, қайд кардан лозим аст, ки дар асоси банди 5-и қарори болозикр Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамасола ташкил ва гузаронидани иммунизатсияи нақшавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони масъули соҳавиро таъин намуда, ҳуҷраҳои алоҳидаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷудо кардааст. Ҳамзамон якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муташаккилона ва бомуваффақият гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ  ба роҳ монда шудаанд.

Мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) усули безарар ва самарабахши муҳофизат аз сироятёбӣ ба вирусест, ки оқибати он метавонад ба якчанд намуди бемориҳо, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон оварда расонад. Иммунизатсия системаи муҳофизатии бадан, яъне масуниятро мустаҳкам мекунад ва ба организм кумак мерасонад, ки бар зидди вируси папилломаи одам муқовимат карда, пайдошавии саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ намояд.

Бояд гуфт, ки саратони гарданаки бачадон яке аз намудҳои маъмултарини бемории саратон дар байни занон мебошад ва вируси папилломаи одам сабаби асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон аст.

Маҳз бо роҳи гирифтани ваксина бар зидди ин вирус метавон бемории мазкурро саривақт пешгирӣ кард.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, аз соли 2006 то моҳи сентябри соли 2025 иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам ҳаёти занонро дар 148 кишвари ҷаҳон аз саратони гарданаки бачадон ҳифз кардааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба тамоми марказҳои иммунопрофилактикаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас гардида, мутахассисони соҳаи тиб бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда духтарони синну соли дар нақша бударо ба иммунизатсия фаро мегиранд.

Баргузор намудани чунин чорабинии муҳим бори дигар аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат нисбат ба самти афзалиятноки ҷомеа-соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» қабул гардид

Ворид гардидани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар шараёнҳои майнаи сар

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ

Ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдоштаи назди Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РЕФЕРЕНСӢ. Соли 2024 ба зиёда аз ду ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба тариқи ройгон ташхисҳои озмоишгоҳӣ гузаронида шуд

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ густариш меёбад

Search