Ню-Йорк. Иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланд дар мавзӯи «Иқтисоди сиёсии татбиқи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ: тағйироти асосӣ дар сиёсат»

24-уми сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи «Иқтисоди сиёсии татбиқи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ: тағйироти асосӣ дар сиёсат» иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур вазирони тандурустии як қатор кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии дар соҳаи тандурустӣ фаъолияткунанда ширкат варзиданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода доир ба вазъи бахши кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумот пешниҳод кард.

Зимни ҷаласаи мазкур масъалаҳои эътилофи глобалӣ оид ба кӯмаки аввалияи тиббӣ: тавсеаи уҳдадориҳои сиёсӣ ва кафолатҳо барои баробарӣ ва устуворӣ, самтҳои асосии сиёсат оид ба таҳкими кӯмаки аввалияи тиббӣ ҳамчун асос барои ноил шудан ба ҳадафҳои васеътари ҷомеа ва стратегии рушд ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа баррасӣ гаштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Вобаста ба бозбинии Руйхати миллии доруҳои асосӣ мизи мудаввар доир гашт

Вохурии Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва ҳайати ЮСАИД

Татбиқи босамари “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”  дар самти расонидани кумаки яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Душанбе

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якчанд амалиёти ҷарроҳӣ бо усули нав гузаронида шуд

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram