Оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

28-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, аз 28 апрел то 3-юми майи соли равон давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он шомил аст, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсияро таҳти шиори “ Қудрати инсоният – ба даст овардани фарогирии иммунизатсияи ҳамагонро дорад!” қайд менамоянд.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур-ин баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки имсол 51-солагии Барномаи васеъи иммунизатсия дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Яъне, шурӯъ аз соли 1974 ҳар як давлати ҷаҳон истифодабарии барномаи мазкурро бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарноке, ки ба оризаҳои вазнин ва фавти аҳолӣ оварда мерасонанд, оғоз намуд. Бо шарофати ин барнома сол то сол сатҳи бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳои ҳаётан муҳим коҳиш ёфта истодааст.

Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия чорабиниҳоро баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ гардонида истодааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирӣ намудани ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати иштирок дар чорабинҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон давъат менамояд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск