“Пешгирии хавфҳои ниҳоӣ дар қонунгузорӣ тавассути гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ”

14-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Пешгирии хавфҳои ниҳоӣ дар қонунгузорӣ тавассути гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ” ва пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд”, ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҳабибулло Хайруллозода, сардори Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора Аминзода, сарнозири ҳамин раёсат Наҷмиддинзода Зайниддин, сардорони як қатор раёсат ва шуъбаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки дар шароити муосир, ки мубориза бо коррупсия ба як самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, зарурати таҳкими механизмҳои назоратӣ ва таҳлили амиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ беш аз пеш эҳсос мегардад.

Гуфта шуд, ки экспертизаи зиддикоррупсионӣ — ин раванди таҳлили лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади ошкор ва бартараф намудани меъёрҳое мебошад, ки метавонанд заминаи амалишавии коррупсияро фароҳам созанд.

Дар идомаи чорабинии мазкур сардори Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Муқимӣ Нигора Аминзода дар мавзӯи “Пешгирии хавфҳои ниҳоӣ дар қонунгузорӣ тавассути гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ” маърӯза намуд.

Ҳамин тавр, дар чорабинии мазкур ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт саҳми хешро гузоранд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search