23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар доираи марҳилаи дуюми бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфтааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии рақами 2 бо 45 синфхонаи таълимӣ барои 1200 донишҷӯ ва бинои таълимии рақами 3 бо 49 синфхонаи таълимӣ барои 1416 донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар биноҳои нави таълимӣ 9 синфхонаи озмоишӣ, 2 толори маърӯзавӣ, 1 маркази тестӣ бо фарогирии 2600 ҷойи нишаст ва 6 кафедра аз ҷумла “Биохимия ва биология” , “Фармакология ва микробиология”, “Тибби ҳарбӣ”, “Беҳдошт ва эпидемиология”, “Химияи тиббӣ ва экология” ва “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ омода карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон бо кадрҳои баландихтисоси соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуда, 31 августи соли 2016 бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии донишгоҳ оғоз бахшида шуд.
Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо бинои таълимии рақами 1 моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он замон донишгоҳ бо зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нишаст дар як вақт таъмин гардида буд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар ин даргоҳи илму маърифат 2600 ҷойи нишаст зиёд гардид. Ҳоло дар донишгоҳ дар маҷмуъ 5 ҳазору 412 ҷойи нишаст барои донишҷӯён омода карда шудааст.
Шумораи умумии донишҷӯён дар соли хониши 2025-2026 2 ҳазору 852 нафар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳайати омӯзгорону профессорон 215 нафарро ташкил медиҳанд.
Фаъолияти илмӣ-инноватсионии донишгоҳ аз соли 2018 инҷониб роҳандозӣ гардида, то имрӯз 1465 таълифоти илмӣ, 6 монография, 6 ихтироот, 65 пешниҳоди навоварона, 112 санади воридсозӣ, 14 китоби таълимӣ ва зиёда аз 60 дастури методӣ аз ҷониби олимони донишгоҳ ба нашр расидааст. Инчунин аз соли 2018 инҷониб 3 корманди донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 8 кас рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Дар самти таҳқиқот ва гузаронидани корҳои илмӣ олимони ҷавони донишгоҳ низ муваффақ буда, ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзанд. Ин аст, ки донишҷӯёни ин муассисаи олии касбӣ дар озмунҳо 25 ҷойи аввал, 27 ҷойи дуюм, 30 ҷойи сеюм, 20 ҷойи ифтихорӣ ва 9 дипломи дараҷаи 1 ва 2-ро ба даст овардаанд. Ҳамзамон соли 2022 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ғолиби ҷойи сеюм, соли 2023 соҳиби шоҳҷоиза ва соли 2024 сазовори ҷойи дуюм гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони донишгоҳ таъкид намуданд, ки илму маориф доимо дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дорад ва олимону муҳаққиқон, омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи кулли соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд. Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди омӯзгорону олимон қарор дорад, ин тарбияи мутахассисони варзида, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аст.
Давоми 9 соли фаъолият заминаи моддию техникии Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара мукаммал гардонида шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннию илмӣ технологияи нав, дастгоҳу таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор доранд.
Ба хотири густариши равобит ва ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои олӣ ва марказҳои бонуфузи илмии дохил ва хориҷи кишвар донишгоҳ 22 шартномаи ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии Қирғизистон, Донишгоҳи тиббии Ал-Форобӣ, Донишгоҳи тиббии Қарагандаи Қазоқистон, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабири ИМА ва Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубии Федератсияи Русия ба имзо расонидааст, ки то имрӯз соҳиби 5 лоиҳаи грантӣ мебошад.
Донишгоҳ соли 2022 аъзои комилҳуқуқи “Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” ва соли 2023 расман дар руйхати Феҳристи Умумиҷаҳонии Донишгоҳҳои тиббӣ ворид гардидааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми маорифи кишвар стандартҳои нави давлатӣ қабул гардида, бунёд ва зиёд намудани шумораи муассисаҳои олӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои олии кишвар аз 13 ба 47 муассисаи олӣ ва шумораи донишҷӯён аз 65 ҳазор ба зиёда аз 220 ҳазор расонида шудааст.
Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара низ аз дастовардҳои назарраси соҳаҳои маорифу тандурустӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба масъалаҳои сифати дониш, касбияти донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорону олимони ҷавон эътибори ҷиддӣ дода шуда, усулҳои нави таълим ва истифодаи васеи технологияи муосир ба пуррагӣ ҷорӣ карда шавад.
Ҳоло дар донишгоҳ 10 шуъба, 2 Шурои илмӣ, 5 марказ, 5 факултет, 21 кафедра, 2 коллеҷ, китобхонаи барҳаво, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ, дармонгоҳ ва озмоишгоҳи марказӣ фаъолияти самаранок доранд.
Боиси зикр аст, ки соли 2021 аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хатми донишҷӯён сурат гирифт ва то имрӯз 1532 донишҷӯ ин боргоҳи илмро хатм намудааст. Аз ин шумора 113 нафар соҳиби дипломи аъло гардидаанд.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи Нақшаи генералии маркази маъмурии ноҳияи Данғара ва лоиҳаи бунёди ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара шинос шуданд. Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки сохтмони биноҳо дар масоҳати 1430 метри мураббаъ дар кӯчаи Исмат Шарифи шаҳраки Данғара ба нақша гирифта шудааст.
Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати кишвар маорифро аз соҳаҳои калидӣ ва пешбарандаи ҷомеа эътироф намуда, омӯзгорону олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад ва мақоми олимону омӯзгоронро аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд мебардорад.
Ҳарду бино аз нуҳ ошёна иборат буда, 36 хонаи дуҳуҷрагӣ бо масоҳати 67,84 метри мураббаъ ва 36 хонаи якҳуҷрагӣ бо масоҳати 52,80 метри мураббаъ пешбинӣ гардидааст, ки барои таъмини 72 оилаи омӯзгор бо манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст. Манзилҳои истиқоматӣ дар 3 сол омода хоҳанд шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири устуворӣ ва мустаҳкамии иншоот дар раванди корҳои сохтмонӣ маҳсулоти хушсифат истифода бурда шуда, сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шавад.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Нақшаи генералии шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара маълумот дода шуд.
Нақшаи генералии шаҳраки Данғара аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” дар масоҳати 3861 гектар таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 тасдиқ гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳудуди нақшаи генералии шаҳрак ба ҳудудҳои маркази маъмурию ҷамъиятӣ, иморатсозии бисёрошёна ва хусусии истиқоматӣ, коммуналию анборӣ ва хизматрасонии марказӣ ҷудо карда шудааст.
Дар соли 2024 лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои Марказӣ, Неъмат Қарабоев, Зебунисо, Шарқ, Киров, Исмат Шариф, маҳаллаи рақами 8 ва Ҷамоати деҳоти Сафобахш ва деҳаи Файзбахш дар масоҳати 240 гектар барои 72 ҳазору 700 хонавода таҳия гардидааст.
Фонди манзили лоиҳавӣ 1 миллиону 455 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар гирифта, аҳолӣ аз ҳисоби 20 метри мураббаъ ба 1 нафар 72 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад.
Талабот ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 9600 ва таҳсилоти томактабӣ 7200 касро дар бар мегирад.
Дар ин асос, дар лоиҳаи муфассали банақшагирӣ бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 46 иншооти ҷамъиятию корӣ ва савдо, 6 таваққуфгоҳи нақлиётии 5-6 ошёна, роҳҳои мошингард, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти гуногуни пешбинигардида ба сифати кор ва маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуда, иншооти таъйиноти гуногун ва биноҳои баландошёна бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ва унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардад.
Ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии … | Flickr