Раванди баҳодиҳии доғгузории сил дар Тоҷикистон баррасӣ гашт

Доғгузории бемории сил ҳанӯз ҳам бузургтарин монеа дар самти табобати бемории сил ва пешниҳоди хидматрасониҳои зиддисилӣ дониста мешавад.

Барои коҳиш додани доғгузорӣ нисбат ба шахсони аз сил осебдида пеш аз ҳама муайянсозии сатҳи доғгузории бемории сил зарур аст.

Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, “Иттиҳодияи фтизиопулмонологони Тоҷикистон”, “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” рӯзи 12-уми апрели соли 2025 вохурӣ баргузор кард, ки дар он раванди баҳодиҳии доғгузории бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва баррасӣ гардид. Дар вохӯрӣ гурӯҳи асосии баҳогузорӣ, гурӯҳи тадқиқотӣ ва инчунин ҷонибҳои манфиатдор иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд пеш аз ин дар солҳои гуногун аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” ва Ассотсиатсияи “Каритас Тоҷикистон” вобаста ба баҳодиҳии доғгузории сил миёни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ тадқиқотҳо гузаронида шуда буданд, ин навбат баҳодиҳии навбатии доғгузории сил дар тамоми манотиқи кишвар ва бо ҷалби ҳамаи гурӯҳҳои асосии осебпазири аҳолӣ баргузор карда мешавад.

Дарёфт ва тавсияҳое, ки дар натиҷаи баҳодиҳии доғгузории сил бармеояд, барои барномарезии минбаъдаи соҳаи зиддисилии кишвар муҳим буда, ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои зиддисилӣ кумак мекунад.

Дар назар аст, ки баъди анҷоми баҳодиҳӣ натиҷаҳои он ба ҷонибҳои манфиатдор барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани табъизу доғгузорӣ нисбат ба шахсони аз сил осебдида ирсол карда шавад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

НАВГОНӢ.  Бори аввал дар кишвар амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд

“Хунравиҳои акушерӣ, самтҳои муосири пешгирии хунталафоти зиёд”

Тақвияти шарикӣ барои устувории навовариҳо дар назорати бемории сил ва ВНМО дар Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷроиши бандҳои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи озмоишгоҳи анатомӣ, физикӣ, биологӣ ва бинои маркази тестӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор

Search