Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2024, №119 дар доираи ташаббуси марказҳои таҷрибаи пешқадами кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) 3 марказҳои КАТС-и сатҳашон гуногун интихоб карда шуданд: Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Суғд, Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе ва Маркази бисёрсоҳавии кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Данғара.  Ин ташаббус баъд аз омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик аз тарафи намояндагони соҳаи тандурустӣ, омӯзгорон ва шахсони қарорқабулкунанда аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои омӯхтани модели хизматрасонии КАТС дар ин давлатҳо бо дастгирии шарикон оид ба рушд (дар давлати Полша – GFF/WB, Туркия – WHO/GIZ, Олмон -GIZ, Қазоқистон – WHO/GIZ) оғоз гардид.

Ин ташаббус ҳамчун аввалин ташаббуси якҷояи байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикон оид ба рушд баъди баимзорасии Изҳороти муштарак оид ба рушди КАТС дар кишвар  аз 27 майи соли 2022 дар доираи Гуфтушуниди сиёсии сатҳи баланд оид ба тақвияти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Барои оғози ин раванд, бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳлили вазъи воқеии модели хизматрасонии аввалия дар муассисаҳои болозикр, ки ду давраро дарбар гирифт, гузаронида шуда, коршиносони техникии Маркази минтақавии Аврупоии СУТ оид ба КАТС (Алмаато, Қазоқистон), Департаменти Бюрои минтақавии Аврупоии СУТ оид ба захираҳои кадрӣ ва Департаменти ташаббусҳои махсус оид ба бемориҳои ғайрисироятӣ (Копенгаген, Дания), шарикон оид ба рушд (GFF, USAID, GIZ, UNICEF, WB/Миллати солим) ҷалб карда шуданд.

Дар раванди марҳилаи дуюми баҳодиҳии маҷмӯии модели хизматрасонии КАТС назорати клиникии бемориҳои музмин, аз он ҷумла фишорбаландӣ ва диабети қанд, бо ҷалби беморон ва хизматрасонандагони тиббӣ ва бо таҳлили роҳҳои расонидани кӯмаки тиббӣ ва таърихи бемории беморон гузаронида шуд. Баҳодиҳии мазкур асоси ташкили амалиётҳои афзалиятнокро барои таъмини хизматрасониҳои баландсифат, дастрас ва ба одамон нигаронидашуда дар давоми ҳаёт, ки дар таҳияи нақшаи амалҳои минбаъда пешбинӣ мешаванд, ташкил медиҳад.

Ташаббуси мазкур қадами муҳим барои беҳтаркунии соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи мукаммалсозии ташкили модели хизматрасонии тиббӣ ва идоракунии бемориҳои музмин дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

То баргузории форуми сатҳи баланд чанд рӯзи дигар боқӣ монд

“Назорати эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда”

Дар вилояти Хатлон оид ба модаршавии бехавф семинар-машварати омӯзишӣ гузаронида шуд

Search