ҲИФЗИ САЛОМАТӢ АЗ ТАҲЛИЛИ “ЯК ҚАТРАИ ХУН” ОҒОЗ МЕГАРДАД

Дар тибби муосир нақши табиби таҳлилгар (лаборант) хеле муҳим ва бунёдӣ мебошад, зеро табиби таҳлилгар тавассути таҳлили хун, пешоб, моеъҳои бадан ва бофтаҳо тағйироти патологиро ҳанӯз дар марҳилаи аввали беморӣ, ҳатто пеш аз пайдо шудани нишонаҳои клиникӣ, муайян мекунад ва тахминан 70–80 фоизи ташхиси дурусти беморӣ маҳз дар асоси натиҷаҳои таҳлилҳои лабораторӣ гузошта мешавад. Роҷеъ ба нозукиҳои ин пеша ва самтҳои асосии фаъолияти ин бахш суҳбате доштем бо Анвар Неъматзода, табиби таҳлилгари Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон», ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

– Аксари одамон фикр мекунанд, ки дар лаборатория танҳо «хун мегиранд ва таҳлил мекунанд». Лутфан бигуед, ки дар асл, кори табиб-таҳлилгар аз чӣ иборат аст?

– Бале шумо дуруст гуфтед, аксари одамон чунин фикр мекунанд, вале дар асл хун гирифтан танҳо як паҳлуи кори мо аст.  Ҳарчанд арзиши меҳнати «беруназсаҳнаи» табибони лаборатория, ки одатан дар сояи табибони муолиҷакунанда мемонанд, ба назари ҷомеа кам муаррифӣ мегардад. Ҳарчанд рисолати табиби таҳлилгар хеле бодиққат ва масъулиятнок будан ба «садои хомӯши» ташхис аст, ки пеш аз ҳар як қарори табобатӣ аввалин ҳақиқати объективиро дар бораи бадани бемор пешниҳод мекунад.

Аз руи тартиботи муайяншуда табиби таҳлилгар кори худро аз таҳлили сифати намуна оғоз мекунад. Ва баъдан марҳилаи навбатӣ, таҳлили дастгоҳӣ ва химиявӣ шурӯъ мешавад, ки дар он назорати сифат (калибровка, намунаҳои назоратӣ) қадами ҳатмии кори мо ба шумор меравад. Дар охир, марҳилаи муҳимтарини кори мо: шарҳи натиҷа дар заминаи синну сол, ҷинс, ҳолати клиникии бемор ва муқоиса бо меъёрҳои муқарраршуда иҷро мегардад. Яъне табиб-таҳлилгар ба қавле, на танҳо «дастгоҳро фишор медиҳад», балки ҳақиқати биологии баданро тафсир мекунад.

-Маъмулан кадом иштибоҳи беморон ҳангоми супоридани таҳлил ба натиҷаи таҳлил таъсири манфӣ мерасонанд? Барои ба даст овардани натиҷаи дақиқ, бемор пеш аз супоридани таҳлил бояд кадом қоидаҳоро риоя намояд?

– Воқеан дар ҷараёни фаъолияти худ мо ба ин хатогиҳо бештар ру ба ру мешавем, ки маъмултарини онҳо: наҳории нопурра, яъне фосила нигоҳ надоштан қабл аз супоридани хун, фаъолияти шадиди ҷисмонӣ пеш аз таҳлил, стресс, нӯшидани машрубот дар як-ду рӯзи охир, риоя накардани қоидаи ҷамъоварии пешоб мебошанд. Бинобар ин тавсия дода мешавад, ки 8-12 соат фосилаи наҳорӣ нигоҳ дошта шавад, инчунин худдорӣ намудан аз хӯроки серравған  пеш аз супоридани таҳлили хун, хоби кофӣ, оромӣ ҳангоми хунгирӣ ва иттилоъ додан дар бораи истеъмоли доруҳо хеле муҳиманд.

-Истеъмоли доруҳо метавонад натиҷаи таҳлилро тағйир диҳад ё не? Бемор дар бораи доруҳои истеъмолкардааш ҳатман бояд ба корманди лаборатория хабар диҳад?

-Бале, бисёр доруҳо, ба монанди гормоналӣ, зидди илтиҳобӣ, антибиотикҳо, баъзе витаминҳо, ҳатто истеъмоли баъзе гиёҳҳои шифобахш метавонанд натиҷаро тағйир диҳанд, на ба маънои «вайрон кардан», балки бадан ба таъсири дору вокуниш нишон медиҳад. Аз ин рӯ, хабар додан дар бораи доруҳои истеъмолшаванда ҳатмист, то табиб-таҳлилгар тавонад натиҷаро дуруст шарҳ диҳад ва аз хулосабарории нодуруст пешгирӣ кунад.

Шумо бо таҳлилҳои клиникӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ-генетикӣ ва бактериологӣ кор мекунед. Фарқи асосии ин таҳлилҳо дар чист?

– Бале шумо дуруст қайд намудед, ки мо бо таҳлилҳои клиникӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ-генетикӣ ва бактериологӣ кор мекунем. Фарқияти онҳо аз ҳамдигар дар он аст, ки ҳангоми таҳлили клиникӣ таркиби ҳуҷайравии хун, пешоб ва дигар моеъҳо (масалан таҳлили умумии хун) санҷиш гузаронида мешавад.

Ҳангоми таҳлили биохимиявӣ, сатҳи моддаҳо дар хун (глюкоза, холестерин, ферментҳои ҷигар, креатинин), ҳолати узвҳоро инъикос мекунад.

Иммунологӣ-генетикӣ бошад, кори системаи масуният, антителаҳо, маркерҳои генетикӣ, барои ошкор кардани бемориҳои аутоиммунӣ, ирсӣ ва инфексионӣ муҳиманд.

Таҳлили бактериологӣ, муайян кардани микроорганизмҳо, сабабгори сироят, ва ҳассосияти онҳо ба антибиотикҳо мебошад.

Бояд қайд намоям, ки зимни таҳлил ҳар кадоме «ҷавоб»-и худро медиҳад, яъне якҷоя тасвири пурраи ҳолати беморро месозанд.

-Яке аз самтҳои кори шумо ташхиси санги гурда бо усули колориметрӣ мебошад. Ин усул чӣ бартариҳо дорад ва чаро муайян кардани таркиби санги гурда муҳим аст? Аз рӯйи таҳлилҳои лабораторӣ фаҳмида мешавад, ки шахс ба пайдоиши санги гурда майл дорад ё не?

-Бале, воқеан ҳамин тавр аст. Ёдовар шуданиам, ки усули колориметрӣ имкон медиҳад то таркиби химиявии санг, ба монанди оксалат, урат, фосфат ва ғайра баъди бо ҷарроҳии махсус гирифтани санг ва бо гузаронидани реаксияи ранг муайян карда мешавад, ҳамзамон ин усули нисбатан оддӣ, арзон ва дақиқ ба шумор меравад. Вале донистани таркиб муҳим аст, зеро табобат ва парҳез вобаста ба намуди санг фарқ мекунад. Таҳлилҳои лабораторӣ, ба мисли сатҳи калсий, кислотаи урат, pH-и пешоб метавонанд майли пайдоиши санги гурдаро пешакӣ нишон диҳанд, ҳарчанд ташхиси ниҳоӣ бо усулҳои дигар, яъне сонография тасдиқ мешавад.

-Пеш аз трансплантатсияи гурда кадом таҳлилҳои лабораторӣ бояд гузаронида шаванд, то хатари радшавии узви пайвандшуда камтар гардад?

-Бояд қайд намоям, ки пеш аз пайвандсозии гурда муайян кардани чанд омилҳо ва гузаронидани таҳлили гурӯҳи хун ва резус-омил, HLA-типиронӣ, Cross Match ва PRA, санҷиши функсияи ҷигар ва гурда, назорати сироятҳо (гепатит, ВИЧ, ЦМВ ва ғ.), инчунин таҳлили умумии клиникӣ ва биохимиявӣ ҳатмӣ мебошад. Воқеан натиҷаи таҳлилҳо хатари радшавии узви пайвандшударо ба ҳадди ақал мерасонад.

-Имрӯз технологияҳои лабораторӣ хеле босуръат рушд мекунанд. То чӣ андоза автоматикунонӣ ва таҷҳизоти муосир кори шумо-табибони таҳлилгарро осон кардааст Оё дастгоҳҳои муосир метавонанд кори мутахассисро пурра иваз кунанд ё нақши табиб дар таҳлил ва шарҳи натиҷаҳо ҳанӯз ҳам ҳалкунанда аст?

– Бале имруз технологияи муосир суръат ва дақиқии таҳлилро хеле баланд бардоштааст ва хатогии инсониро дар марҳилаи механикӣ кам кардааст. Аммо, бояд қайд намоям, ки дастгоҳ танҳо рақам медиҳад, тафсири он дар заминаи ҳолати бемор, муайян кардани хатоҳои эҳтимолии биологӣ, масалан гемолиз, липемия ва тасмимгирии клиникӣ ҳанӯз ҳам вазифаи табиб аст. Аз ин рӯ, дастгоҳ ёрдамчии беҳамто аст, аммо ҳаргиз ҷои табибро иваз карда наметавонад.

– Аз таҷрибаи худ мегуфтед, ки зимни кадом бемориҳо маризон аз супоридани таҳлил, яъне анализ метарсанд ва мавқуф гузоштани таҳлил дар ин ҳолатҳо ин чӣ хатар дорад?

– Асосан дар бемориҳои ҷиддӣ, ба монанди эҳтимоли саратон, бемориҳои музмин беморон аз тарси «шунидани хабари бад» таҳлилро ба таъхир мегузоранд. Аслан ин амал хатарнок аст, зеро мавқуф гузоштани ташхис имкони табобати саривақтиро аз даст медиҳад, ҳол онки бисёр бемориҳо дар марҳилаи аввал бо табобати оддӣ имкони солимшавӣ дорад, дар марҳилаи охир бошад, ҳам барои бемор ва ҳам барои аҳли хонавода душвориҳои зиёд меорад.

-Натиҷаи хуби таҳлили лабораторӣ то чӣ андоза метавонад инсонро ором созад ва баръакс, натиҷаи ғайримуқаррарӣ то чӣ андоза бояд шахсро нигарон созад?

– Борҳо шоҳид гаштаем, ки натиҷаи хуб ба таври назаррас беморро ором месозад ва боварии уро ба саломатиаш тақвият медиҳад. Аслан гирем, натиҷаи таҳлили тасдиқи беморӣ бояд боиси нигаронӣ нагардад ва фавран боиси муроҷиат ба табиб барои шарҳи дуруст, на даҳшату изтироб ва ташхиси мустақилона тавассути интернет шавад. Мо хуб медонем, ки ҳоло тибби муосир хеле пеш рафтааст ва ҳангоми оғоз намудани табобати саривақтӣ ва дуруст, бешак таҳти назорати мутахассис, кулли бемориҳо шифо меёбанд.

-Ташаккур ба шумо барои суҳбати муфид ва пурмуҳтаво.

                                                 Мусоҳиб Фотима Яқубова, “Паёми шифо”

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Боздиди Абдухолиқ Амирзода аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода

«Муҳофизати биологӣ ва бехатарии биологӣ дар озмоишгоҳҳо»

Ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар вазорат

Ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19  дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» 

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ: Соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст

Дастовардҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррасанд

Search
汽水音乐易歪歪HelloGPT易歪歪单机版沙盘telegram易翻译比特浏览器mumu模拟器