Сафари омӯзишии ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҷумҳурии Туркия

Аз 8 то 12 июни соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади анҷом додани сафари омӯзишӣ ва шиносоӣ дар Ҷумҳурии Туркия қарор доранд.

Дар ҳайати иштирокчиён муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, инчунин масъулини соҳаи тандурустӣ аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доранд.

Зимни чорабинӣ аҳамияти таҳкими омодагӣ ва ҳамоҳангсозии сохторҳои дахлдор дар ҳолатҳои хуруҷи бемориҳои сироятӣ таъкид гардид.

Қайд карда шуд, ки ҳадафи асосии сафар омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Туркия дар самти беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ, такмили низоми гузоришдиҳӣ мутобиқ ба Қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ (2005), идоракунии самараноки намунаҳои биологӣ ва татбиқи чораҳои пешгирӣ ва назорати сироятҳо мебошад.

Дар доираи барнома иштирокчиён масъалаҳои муҳими арзёбии саривақтии вазъи эпидемиологӣ, механизмҳои огоҳкунӣ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ, тартиби ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва интиқоли намунаҳои биологӣ, инчунин тадбирҳои ҷудокунии беморон ва ҳифзи кормандони соҳаи тандурустиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти назоратӣ, лабораторӣ ва клиникӣ, мубодилаи иттилоот ва муайян намудани мушкилоту монеаҳои мавҷуда диққати махсус зоҳир гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмили низоми миллии омодагӣ ва вокуниш ба бемориҳои сироятӣ таҳия карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи чорабинии мазкур ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо Нуруллоҳ Оқумуш, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия, Азиз Алпер Битен, директори генералии корҳои Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳои байналмилалӣ, Муҳаммад Салтуқ Дениз, сардори шӯъбаи лоиҳаҳо ва омӯзиши Сарраёсати ёрии таъҷилии тиббӣ ва Эрдоған Оз, директори генералии корҳои Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳои байналмилалӣ мулоқоту вохуриҳо анҷом дод.

Дар ҷараёни вохуриҳо масъалаҳои ёрии фаврӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда ва тандурустии ҷамъиятӣ баррасӣ гаштанд.

Бояд қайд кард, ки чорабинии мазкур барои рушди иқтидори мутахассисон ва таҳкими низоми амнияти тандурустии ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад намуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ

Муаррифии лоиҳаи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъминоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ”

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Тағироти кадрӣ дар Донишгоҳи тиббӣ

Search
爱思助手汽水音乐下载易歪歪汽水音乐telegramtelegram下载tg下载telegram