Сафи докторони илмҳои тиб меафзояд. Тақдими дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб ба Давлатзода Гулҷаҳон Қобил

12-уми январи соли ҷорӣ бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025, №13 ба Давлатзода Гулҷаҳон Қобил, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси “Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ ва Момопизишкӣ ва бемориҳои занона дониста шуда” ва тибқи фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2025, №498/д.и. дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Давлатзода Гулҷаҳон Қобил, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон рисолаи доктории хешро дар мавзӯи “Нақши аудити ҳолатҳои буҳронӣ барои беҳтар намудани сифати ёрӣ ба модарони гирифтори хунравиҳои акушерӣ ва преэклампсияҳои вазнин” ҳимоя намуда буд.

Барои баҳо додани моҳияти рисолаи пешниҳодшуда муқарризони расмӣ Айламазян Эдуард Карпович, доктори илмҳои тиб, профессор, академики АИТР, ходими хизматнишондодаи илм, профессори кафедраи акушерӣ, гинекология ва репродуктологияи донишкадаи тиббии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва Мамараҷабов Собирҷон Эргашович, доктори илмҳои тиб, декани факултаи таҳсилоти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд иштирок ва баромад намуданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search