Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд

25 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази ташхису табобати Шифобахши Асрро ба истифода доданд.

Иншооти нави тандурустӣ аз шуъбаи қабул, ташхис, таҳлил, ҷарроҳӣ ва эҳё иборат буда, дар он ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, асаб, амрози даруна, амрози занона ва дигар намуди бемориҳо ба роҳ монда шудааст. Дар марказ 32 ҷои нави корӣ таъсис ёфтааст, ки каси баландихтисоси дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсилнамуда барои хизматрасонӣ ҷалб шудаанд.

Дар маҷмуъ Маркази ташхису табобатии Шифобахши Аср дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз 14 ҳуҷраи кории ташхисӣ ва 5 ҳуҷра барои бистарикунонӣ иборат мебошад.

Иншооти нави тиббӣ дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Насим Мирпочозода мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибону кормандони марказро барои истифодаи бамаврид аз технологияи муосир ва саривақту дар сатҳи баланд хизматрасонӣ кардан ба мардум вазифадор намуда, бештар кардани корҳои фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун зарур донистанд.

Дар иншооти нави тандурустӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ аз Чин, Ҷопон, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Нидерландия ворид гардида, ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизмат расонида мешавад.

Ҳоло намояндагиҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази ташхису табобатии Шифобахши Аср дар 10 шаҳру ноҳияи кишвар ба муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи иҷтимоӣ имкон додаст, ки дар муассисаҳои тандурустӣ мутобиқ ба талабот барои ташхису табобат шароит фароҳам оварда шавад ва беморон дар сатҳи баланд муолиҷа гиранд.

Ифтитоҳи бинои ҶДММ Шифобахши Аср дар шаҳри Бохтар 25.12.2… | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search