Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

25 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва дигар сохторҳо таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Ба вазифаҳои муовини якум ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини вазири адлия, муовини вазири кишоварзӣ, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун», муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, истифодаи босамару беталафи обу неруи барқ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навтарини илму техника ва зеҳни сунъӣ дар идораи корҳо ҳидоят намуданд.

Дастур дода шуд, ки дар тарбияи кадрҳои ҷавон ба омӯзиши амиқи технологияи навтарин, рақамисозӣ, забонҳои муоширати байналмилалӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад.

Бо назардошти авзои пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муомилаю муошират манфиати давлати соҳибистиқлол ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.

Таъиноти кадрӣ 25.07.2025 | Таъиноти кадрӣ 25.07.2025 | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

Рушди хизматрасонии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Комиссия оид ба тандурустии Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷорӣ намудани ҷарроҳии кошти ҳалзун барои беморони камшунаво ва ношунавои мутлақ

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search