Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

25 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия, Вазорати кишоварзӣ, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва дигар сохторҳо таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Ба вазифаҳои муовини якум ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини вазири адлия, муовини вазири кишоварзӣ, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун», муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону варзида таъин гардиданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, истифодаи босамару беталафи обу неруи барқ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навтарини илму техника ва зеҳни сунъӣ дар идораи корҳо ҳидоят намуданд.

Дастур дода шуд, ки дар тарбияи кадрҳои ҷавон ба омӯзиши амиқи технологияи навтарин, рақамисозӣ, забонҳои муоширати байналмилалӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад.

Бо назардошти авзои пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муомилаю муошират манфиати давлати соҳибистиқлол ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.

Таъиноти кадрӣ 25.07.2025 | Таъиноти кадрӣ 25.07.2025 | Flickr

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Иштирок ва суханронии Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва таҳкими солимии равонӣ

Гармчашма-муъҷизаи нодири табиат, ки Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ мекунад

Вохурӣ бо як гурӯҳ мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон

Таҳлилу баррасии вазъи соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

«Роҳу усулҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд

Search