Семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирии бемории саратон

16-уми октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  мутахассисони саратоншиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба вазъи пешгирӣ ва мубориза бо бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иштирок намуда, зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтарнамоӣ ва пешигирии бемориҳои саратон дар мамлакат тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст.

Дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббї ва технологияњои муосири вазорат Холмирзо Давлатзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии илмии саратоншиносї” Акбар Муродзода низ баромад намуда,  доир  ба вазъи бемориҳои  мазкур ва роҳҳои пешгирии онҳо дар кишвар  маълумот пешниҳод карданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории Саммит оид ба баррасии бемориҳои саратон моҳи ноябри соли равон бо иштироки мутахассисони саратоншиносӣ аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври онлайнӣ дар назар аст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Вохурӣ бо Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ

Рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар доираи  “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”

Ифтитоҳи бинои шуъбаи сироятӣ дар ноҳияи Қубодиён

Search
Telegram下载旺旺商聊Banana财务Telegram中文版Telegram官网有道翻译下载有道翻译官网易歪歪有道翻译