Шиносоӣ бо фаъолияти шабонаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш»

Шаби 07-уми августи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон»Шифобахш» ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос гашт.

Дар доираи ташрифи хеш номбурда аз вазъи муассиса пас аз таъмиру навсозӣ дидан ба амал оварда, бо натиҷаи корҳои дар ин самт ба анҷом расида шинос шуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили як қатор шӯъбаҳо, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳои мазкур корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд.

Дар баробари шиносоӣ бо натиҷаи корҳои ободониву созандагӣ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» инчунин Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббии ин муассисаи тандурустӣ низ шиносоӣ пайдо намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф ва мақсад аз ташриф ва боздиди роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ- ин пеш аз ҳама бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гашт

Вокуниш ба навори видеоии шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба маҳлули Лидокаина Гидрохлорид

Нишасти матбуотии вазорат доир гашт

Диққат, эълон!

“Ҳафтаи аврупоии пешгирии саратони гарданаи бачадон”

Данғара. Вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гашт

Поиск