Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Файзобод

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ҳамчунин таҳлил ва баррасии масъалаҳо ва мушкилоти мавҷудаи соҳа, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ аз наздик шиносоӣ пайдо менамояд.

Имрӯз, 12-уми марти соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Файзобод сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи хизматрасонии тиббӣ, сифати ташхису табобат, ҳолати нигоҳубини беморон, инчунин корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи мазкур шинос гардид.

Дар доираи сафари корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази саломатии ноҳияи Файзобод дидан намуда, бо фаъолияти шуъбаҳо, ҳолати таҷҳизоти тиббӣ, шароити кории кормандони соҳаи тиб ва имкониятҳои муассиса аз наздик шинос шуд.

Ҳамзамон, зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони муассиса вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, истифодаи самараноки таҷҳизоти тиббӣ ва таъмини муносибати хуб бо беморон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зикр гардид, ки беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search