Шири модар ғизои беҳтарин барои кӯдак аст

Бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбат ба дуруст ғизо додани кӯдакон, зиёд намудани  дониши падару  модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзҳои дурусти синамаконӣ, омӯзонидани занҳои ҳомила ва  занҳои  ширмакон  дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ  аз 1 то  10 августи соли 2025 дар доираи татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030″, бо мақсади таҷлили Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори «Афзалият додан ба синамаконӣ. Ташкил намудани системаҳои дастгирии устувор», тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи 25.07.25 таҳти №470 тасдиқ шудааст, ки дар  тамоми муассисаҳои таввалудӣ ва табобатию профилактикии ҷумҳурӣ “Ҳафтаи дастгирии шири модар” баргузор карда мешавад. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ,  “Даҳаи умумиҷаҳонии тағзияи кӯдакон бо шири модар” дар зиёда аз 170 кишвар гузаронида мешавад.   Даҳаи мазкур дар Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб гузаронида мешавад. Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 1994 дар самти дастгирии тағзияи атфоли навзод бо шири модар ба андешидани тадбирҳо оғоз карда буд. Аз соли 1998 сар карда, дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 асоси муваффақонаи тағзияи атфол бо шири модар ҷорӣ шудааст.

 Мувофиқи таҳқиқоти    ташкилотҳои ҷаҳонӣ, ки  дар  солҳои  охир гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмол  мекунанд, то 10-15 маротиба  бештар ба бемориҳои сироятии  меъдаю  рӯда  ва  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Маврид ба тазаккур аст, ки  вазъи саломатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2 солагӣ ва бахусус аз бемориҳои дарунрав (бемориҳои сироятии меъдаю рӯда) ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустии сартосари олам мебошад. Тадқиқотҳо собит сохтаанд, ки бемориҳои дар боло зикршуда беш аз ҳама дар байни кӯдакони синни бармаҳал вомехӯранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо мегиранд.

 Бояд гуфт, ки дар ширҳои сунъӣ миқдори намакҳои натрий, калтсий ва фосфор хеле зиёданд, ки ин ба организми кӯдак лозим нест. Ба қадри лозима  дар  таркиби  ғизоҳои  сунъӣ  витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва  сафедаҳо  вуҷуд  надорад,  агар  бошад ҳам  дар  вақти пухтани шир онҳо вайрон мешаванд. Сафедаҳои  систин  ва  таурин,  ки  барои  инкишофи  мағзи  сари кӯдак лозиманд дар таркиби ширҳои сунъӣ нестанд. Дар  таркиби  шири  ҳайвонот  линоре,  ки  барои  ҳал  намудани  чарбҳо лозим аст, вуҷуд надорад. Сафедаи шири гов – казеин дар меъдаи кӯдак хеле дер ҳазм мешавад, аз ин рӯ кӯдак гуруснагиро ҳис намекунад. Дар бисёр мавридҳо ширҳои сунъӣ сабаби бемориҳои аллергикӣ низ мешаванд.

Аммо дар як вақти муайян танҳо шири модар наметавонад ҳамаи талаботи инкишофи кӯдакро қонеъ гардонад, дар он сурат масъалаи додани ғизои иловагӣ ба миён меояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки ғизои иловагӣ аз 6 -моҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синну сол ба кӯдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо, витаминҳо зарур аст. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ  бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад, ки кӯдаки ширмак онро истеъмол менамояд.

Ба гуфти табибон, шири модар маҷмӯи беназири кислотаҳои равғанӣ, қанд, минералҳо, сафедаҳо, витаминҳо ва ферментҳо мебошад, ки ба афзоиши оптималии майна ва бадани кӯдак мусоидат мекунад. Ҳар инсон дар тӯли ҳаёти худ танҳо як маротиба имкон дорад, ки шири модарро истеъмол намояд, ин ҳам дар давраи то 2-солагӣ. Бартарияти шири модар дар он зоҳир мегардад, ки он барои истеъмол ҳамеша тайёр аст, ҳаргиз вайрон ё турш намешавад, ройгон ва дастрас аст ва танҳо барои кӯдак пешбинӣ шудааст. Инчунин ғизои асосии кӯдаки навзод- ин шири модар аст ва кӯдак танҳо тавассути ғизои дурусту солим неру мегирад, ташаккул меёбад ва ҳамчун шахсият ба камол мерасад.

Шири модар барои кӯдаки навзод ғизои беҳтарин аст. Вале баъзе модарони ҷавон дар бораи аҳамияти шири модар маълумоти кофӣ надоранд.

Кӯдакро бо шири сунъӣ низ калон карда мешавад, вале он ҷойи шири модарро гирифта наметавонад. Зеро аз рӯи таркиб ва таносуби моддаҳои ғизоӣ ва хусусияти узвҳои ҳозимаю мубодилаи модаҳо дар вуҷуди тифлакони навзод дар давраи инкишофашон мувофиқат мекунанд. Фалла дар таркибаш сафеда, намак ва чарбуи зиёд дорад. Ҳамчунин, аз аминокислотаю витаминҳо бой аст ва кӯдакро аз бемориҳои шадиди роҳи нафаскашӣ, бемориҳои меъдаю рӯда эмин медорад. Дар фалла, ҳамчунин, путтанҳо, яъне моддаҳое, ки кӯдакро аз бемориҳои гуногун эмин медорад, фаровон аст. Бинобар ин, ба кӯдакон ҳатман бояд шири модар дод.

Омехтаҳои ширӣ баъзан боиси фарбеҳшавии аз ҳад зиёди кӯдак мешавад. Барои ҳар як модар саломатии фарзанд аз ҳама ганҷи дунё беҳтар аст. Бинобар ин, бояд кӯдакро бо шири модар таъмин намуд.

Зеро моддаҳое, ки ба организми модар дохил мешавад, ба шир мегузарад. Агар модар ғизои гуногун истеъмол кунад, он ба воситаи шир ба кӯдак мегузарад. Аз ин рӯ, занҳои тифли ширмакдошта ҳатман ба таркиби ғизои мехӯрдагиашон аҳамият диҳанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ширмаконӣ ба модар аҳамияти калон дорад. Парвариши тифл бо шири пистон саломатии занро ҳимоя мекунад ва модарро аз бемориҳои хунравӣ баъди таваллуд, камхунӣ, ҳамли номатлуб, саратони сина ва тухмдонҳо, дарди устухонҳо эмин медорад.

Ҳамчун табиб ба занҳо тавсия медиҳам, ки то 6 моҳи аввали ҳаёт ба тифл шири сунъӣ надиҳанд. Бояд дар ин давра ҳатман шири худро диҳанд.

Зеро ягон ғизои дигар шири модарро иваз карда наметавонад. Бисёр занҳои мо аз сабаби танқисии зиндагӣ ба кор мебароянд ва кӯдаконро ба парастор медиҳанд.  Ҳангоми дар назиди  парастор қарор доштани кӯдак, модарон бояд ширашонро ҷӯшида барои ғизодиҳии кӯдак дар давоми рӯз захира кунанд. Шири ҷӯшидаи модар дар ҳарорати хона то 8 соат, дар яхдон то 4 шабонарӯз бехатар аст.

Модару кӯдак бояд дар як ҷо бошанд. Дар ин маврид меҳру муҳаббаташон зиёд мешавад ва тифл солимтар ба воя мерасад. Ҷудоӣ аз модар бо кӯдаки ширмак оқибати хуб надорад, кӯдак дар натиҷа инҷиқ шуда, ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор мешавад. Бисёр модарони мо барои ором кардани кӯдак ба онҳо чочак(соска) медиҳанд. Ман ба модарон маслиҳат медиҳам, ки ба кӯдакон чочак(соска), яъне чочак надиҳанд. Барои он ки дар бисёр ҳолатҳо чочак(соска) ба замин меафтаду онро модар боз ба даҳони кӯдак мемонад. Набояд фаромӯш кард, ки чочак(соска)и чиркин сарчашмаи бемориҳои сироятӣ гашта метавонад.

Аз ин лиҳоз, ман ба тамоми аҳолии кишвар, бахусус ба занон ва модарони ҷавон даъват ба амал меорам,  ки фарзандони худро то  синни  6-моҳагӣ танҳо бо шири сина таъмин намоянд  ва пас аз 6-моҳагӣ  бонавбат ғизоҳои иловагиро ворид намуда, синамакониро то синни 2-солагӣ бояд идома диҳанд.

Алиева Баҳри Мунавваровна, Мутахассиси бахши модаршавии бехавфи Раёсати ташкили хизматрасонињои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Иштирок дар 24-умин Форуми глобалии ғизои кӯдакон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Вохурӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъолонаи 400 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ

Вохурии Шодихон Ҷамшед бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ

Шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақдими туҳфаҳо ва оростани дастархонаи идона ба маъюбону пиронсолон

Search