19-уми майи соли равон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мавзуи “Тағйири шакли тандурустии ҷаҳонӣ: Масъулияти муштарак” иштирок ва суханронӣ намуд.
Аснои суханронии хеш номбурда иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи ҷаласаи кунунии Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ-“Тағйири шакли тандурустии ҷаҳонӣ: Масъулияти муштарак”-ро пурра дастгирӣ мекунад ва ҳамзамон номбурда қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза таъмини саломатии ҷамъиятӣ танҳо тавассути ҳамбастагӣ байни кишварҳо, стратегияҳои дарозмуддат ва ҳамоҳангии зич байни сиёсатҳои тандурустӣ, иқлим ва рушди устувор имконпазир аст.
“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки захираҳои об, суботи иқлим ва саломатии инсон ҷузъҳои ба ҳам алоқаманд ва ҷудонашавандаи рушди устувор мебошанд. Аз ин рӯ, тағйири иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши норасоии об ба саломатии ҷамъиятӣ, амнияти озуқаворӣ ва устувории системаҳои тандурустӣ, бахусус дар минтақаҳои куҳистон ва дурдаст таъсири бештар мерасонанд”-таъкид дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода.
Зикр гардид, ки ин рӯзномаи минтақавӣ бо талошҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тандурустӣ пайваста алоқаманд аст. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” баргузор мешавад, ки он ба як платформаи муҳим барои пешбурди робитаҳо дар самти дастрасӣ ба об, санитария, гигиена, устувории иқлим ва саломатӣ, инчунин барои табдил додани дипломатияи об ба натиҷаҳои мушаххас, бахусус барои кӯдакон ва аҳолии осебпазир табдил хоҳад ёфт.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон модели нави ташкили тандурустии ҷамъиятӣ ва нигоҳубини аввалияи тиббиро дар деҳот, ки ба тақвияти пешгирии бемориҳо, ошкоркунии барвақт ва наздик кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст, озмоиш мекунад, ки ин модел нақши ҷамоатҳои маҳаллиро тақвият ва устувории низоми нигоҳубини аввалияи тиббиро афзоиш медиҳад.
Дар идомаи суханронии хеш Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатии кӯдакон ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Вобаста ба ин, гуфта шуд, ки айни замон дар кишвар корҳои таҳлилӣ, аз ҷумла таҳқиқот дар бораи омилҳои хавфе, ки ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонанд, барои таъмини чораҳои пешгирикунандаи асоснок ва коҳиш додани бемориҳои пешгиришаванда аз синни хурдсолӣ идома доранд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои минтақавиро, ки дар конфронси байналмилалии “Саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдак”, ки 22 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда, аз ҷониби Вазорати тандурустии ин кишвар якҷо бо ТУТ ва ЮНИСЕФ тасдиқ гардиданд, дастгирӣ мекунад.
Дар анҷоми баромади худ дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ба мавзуи “Тағйири шакли тандурустии ҷаҳонӣ: Масъулияти муштарак” бахшида шуда буд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар уҳдадории худро баҳри ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, саломатии кӯдакон, рушди дипломатияи об ва амалҳои тағйирёбандаи иқлим ҳамчун авлавиятҳои мутақобилан тақвиятдиҳанда тасдиқ мекунад ва омодааст, ки бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ҳамаи кишварҳои узв барои некуаҳволии наслҳои имрӯза ва оянда ҳамкории зич дошта бошад.


