Суғд: семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории обилаи маймун

Имрӯз, 25-уми октябри соли равон дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд семинар-машварати омӯзишӣ барои сарҳамшираҳои калони муассисаҳои табобатию профилактикии 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба пешгирии бемории сироятии обилаи маймун баргузор гардид.

Семинар-машварати омӯзиширо директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Раҳмонзода С. Р. ҳусни оғоз бахшида, доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии обилаи маймун, махсусан дар таваллудхонаҳо ибрози андеша намуд.

Ҳамин тавр, дар семинари машваратӣ эпидемиологон Усмонова Таҳмина ва Саидов Мирзоҳақдод вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, хатари паҳншавии обилаи маймун ва пешгирии он бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Бояд гуфт, ки бемории сироятии обилаи маймун бо номҳои mрох ё обилаи эм ҳам маъмул аст. Онро вирусе бармеангезад, ки аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад, вале дар сурати иртиботи наздик аз инсон ба инсон ҳам мегузарад. Нишонаҳои аввали муайян кардани вируси обилаи маймун мушкил аст, зеро он низ мисли аксари бемориҳои дигари уфунӣ бо дарди бадан, дарди сар, беҳолӣ, доначаҳои обиламонанд ва нафастангӣ оғоз шуда, дар бадани на ҳама гирифторони ин беморӣ доначаҳои обиламонанд пайдо мешаванд.

Мутахассисон ба он назаранд, ки бемории обилаи эм бемории табобатшаванда ва дорои ваксина буда то 80% барои пешгирӣ омили самарабахширо дорост.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

“Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ”

ТАВАҶҶУҲ. Хуруҷи варианти нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар кишвар асоси воқеӣ надорад

Теҳрон: Иштироки ҷарроҳони тоҷик дар Х1Х-умин конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ

Search