Таҳлили фаъолияти марказҳои кори ҳамширагӣ ва кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Бо мақсади гузаронидани санҷиш ва арзёбии марказҳои кори ҳамширагӣ ва фаъолияти кормандони миёнаи тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2024, №364 ба муассисаҳои тандурустии сатҳи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилояти Суғд оғоз гардида, бо иштироки директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» кумаки дастурию методӣ ба кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи замимаи фармоиши мазкур амалӣ гардида истодааст.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти маркази мазкур ба мутахассисони соҳа аз рўи масъалаҳои зерин: ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ (дастурамал ва ўҳдадориҳои вазифавӣ), ҳуҷҷатгузории ҳамшираҳои калон, сарҳамшираҳо ва ҳамшираҳои тиббӣ, коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо: Дурустӣ ва саривақтии пешбурди ҳуҷҷатҳои тиббӣ, аз ҷумла ҳисоботҳо ва сабтҳои беморон, иҷроиши нақша чорабиниҳои кори ҳамширагӣ ва тамоми раванди ҳамширагӣ, сифат: Арзёбии сифати нигоҳубини беморон, риояи стандартҳо ва протоколҳои ҳамширагӣ, сатҳи қаноатмандии беморон: Пурсиши беморон барои муайян кардани қаноатмандии онҳо аз нигоҳубин ва хизматрасониҳо, омӯзиш ва такмили ихтисос: Иштироки ҳамшираҳои тиббӣ дар даврҳои такмили ихтисос ва семинарҳо, инчунин ҷорӣ намудани донишҳои нав дар амал, идоракунии кадрҳо: Самаранокии ташкили кори кормандони тиб, тақсимоти вазифаҳо ва масъулият, риояи стандартҳо ва протоколҳо: Санҷиши мутобиқат ба стандартҳои муқарраршудаи раванди табобат ва протоколҳои нигоҳубин, таҳлили хатогиҳо ва ҳодисаҳо: арзёбии миқдор ва хатогиҳои тиббӣ, таҳияи чорабиниҳо барои пешгирии онҳо, ҳамоҳангсозӣ бо дигар мутахассисон: Самаранокии ҳамкорӣ бо табибон ва дигар аъзоёни кормандони тиббӣ, иштирок дар банақшагирӣ ва ташкили кори шӯъба: Саҳм дар банақшагирии стратегӣ ва ташкили раванди тиббӣ ва нишондиҳандаҳои кори шӯъба: Мониторинги нишондиҳандаҳои гуногун, ба монанди қабул, вақти интизорӣ ва дигар нишондиҳандаҳои муҳим   кумаки дастурию методӣ расонида истодааст.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search