Таҷлили Рӯзи Ғалаба ва оғози мавсими табобату истироҳат дар “Харангон”

6-уми майи соли ҷорӣ ба ифтихори 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва оғози мавсими табобату истироҳат дар Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, роҳбарияту кормандони муассиса ва собиқадорони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон бо шароит ва имконоти муассисаи номбурда барои истироҳату табобати собиқадорони ҷангу меҳнат шинос гаштанд.

Тавре зикр гардид, дар муассисаи мазкур барои гузаронидани мавсими табобату истироҳат собиқадорон тамоми шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Сипас, чорабинии идона бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва оғози мавсими табобату истироҳат дар ин муассиса оғоз гашт.

Тавре доир ба зарурияти таҷлили ин санаи таърихӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд”.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст.

Дар ҷумҳурии азизамон бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои беназиру созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ветеранҳои ҷанг таҳти ҳимояти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри дастгирии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ин замина, қайд гардид, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи сиҳатии собиқадорон ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба онҳо пайваста чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, тамоми ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ омодаанд, ки ҳар як ветерани ҷангу меҳнатро таҳти назорати тиббӣ гирифта, аз аҳволи саломатиашон бохабар бошанд ва дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо хизмати дахлдор расонанд. Ғамхорӣ ва таъминоти иҷтимоию тандурустии иштирокчиён ва ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарият ва мақомоти масъули тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ қарор дорад.

Пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб анҷомбахши чорабинии идона буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатии шаҳраки Курушкада мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Баррасии рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Шўрои назоратии аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гашт

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

“Ҳафтаи пешгирии саратони гарданаки бачадон”

Search