Таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва таҳлилу баррасии як қатор масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар ин минтақа имрӯз, 19-уми июли соли равон дар шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ҷаласаи корӣ доир гашт.

Дар ҷаласаи корӣ масъулини раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла сартабибони беморхонаҳои марказӣ, роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар масъулини соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа нахуст дастуру супоришҳои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода, ки санаи 17-уми июли соли равон зимни ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ироа гаштанд, ба самъи ҳозирин расонида шуданд.

Ҳамин тавр, дар ҷаласаи мазкур бештар ба масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, истеъмоли дурусти ғизо, фоидаи сайругашт дар боғҳои фарҳангӣ ва пиёдагардӣ ба саломатии инсон, раванди рақамикунонии соҳа, пешгирии фавти модару кӯдак, иммунизатсияи кӯдакон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои соҳавӣ, назорати беморон, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни кормандони соҳа ва ба дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Дар анҷоми вохурӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба масъулини Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ва муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд қайд кард, ки ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо фаъолияти Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ ба номи А.Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ва Маркази солимии репродуктивии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб низ аз наздик шинос гашт.

Бино ба иттилои масъулин, давоми соли ҷорӣ бо мақсади беҳтар намудани шароиту имкониятҳои мусоид дар беморхонаи вилоятӣ барои шустушӯ ва хушк либосҳо бино ва ҷойи алоҳида ташкил карда шудааст, ки акнун ин масъалаи мазкур ҳам ҳалли худро ёфт.

Дар идомаи сафари корӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва директори Маркази нефрология ва гемодиализи Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” Рашидов Исмоил Маҳмадалиевич бо роҳбарияти Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ ба номи А.Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб масъалаи ташкил намудани маркази гемодиализро дар беморхонаи мазкур баррасӣ намуда, бо вазъ ва шароити муассисаи тандурустӣ барои роҳандозӣ намудани ин иқдом шинос гаштанд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Нахустин ҷаласаи гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” барои соли 2024

Истаравшан: ба истифода додани Маркази саломатии деҳаи Варсиқ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии кӯмакҳои беруна дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гашт

Вохурӣ бо табибони ҷавон, ки зинаи ординатураи клиникиро дар хориҷи кишвар хатм кардаанд

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Дар амал ҷорӣ намудани боз як усули нави ҷарроҳӣ дар самти бемориҳои рагҳои мағзи сар

Фаъолияти анҷомдодаи  лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” (P178878)  дар соли 2024

Search