Кӯлоб: Кормандони соҳаи тандурустӣ қадрдонӣ шуданд

Кӯлоб: Кормандони соҳаи тандурустӣ қадрдонӣ шуданд
Август 19
09:40 2020

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони соҳа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода  Дилбар сараввал табрикоти и.в. Раиси шаҳри Кӯлобро бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб расониданд.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз ба шарофати  Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб ба пешрафти бесобиқа даст ёфта, муассисаҳои тандурустӣ беш аз пеш рушд намуда истодааст.

Дар рафти чорабинӣ собиқадорони соҳаи тандурустӣ ба сухан баромада, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи беандозаашон ба рушди соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар охири ҳамоиш кормандони хизматнишондодаи соҳаи тандурустӣ ба Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Ҳафтаномаи "Паёми шифо"

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2022
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 20
  • 606
  • 652,476