Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид
Март 05
14:54 2022

Имрӯз, 5 марти соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, намояндагони  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳа баромад намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур се масъала- “Вазъи таъминоти маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо”, Рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар соли 2021”  ва “То ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардаҳои солҳои 2019-2021 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва хатмкардаҳои солҳои 2020-2022  коллеҷҳои давлатии тиббии ҷумҳурӣ”, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Доир ба “Вазъи таъминоти маъюбон бо маҳсулоти протезию ортопедӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед баромад намуд.

Тавре қайд гардид, Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и ш. Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд бо мақсади истеҳсол ва таъмин намудани маъюбони ниёзманд бо маҳсулотҳои протезию ортопедӣ (аз қабили протезу ортезҳо, пойафзоли ортопедӣ, пайравак (ходунок), асобағал), аробачаҳои маъюбӣ ва дигар воситаҳои техникии тавонбахшӣ,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Айни замон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти №148 корхона ба номгуи муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шомил мебошад.

Фаъолияти Корхона шурӯъ аз соли 1942 бо сабаби зиёд шудани маҷрӯҳони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе дар шакли устохонаи истеҳсолии маҳсулотҳои протезию ортопедӣ ва таъмири онҳо созмон ёфтааст. 1 июли соли 1963 аз ҷониби давлат барои устохонаи мазкур бинои нави истеҳсолӣ сохта ба истифода дода шуда, аз 7 июли ҳамон сол ба корхонаи протезбарории Вазорати таъминоти иҷтимоӣ табдил дода мешавад. Дар он давра дар корхона 76 нафар кормандон фаъолият мекарданд. Соли 1976 Оинномаи корхона аз нав тасдиқ карда шуда, бо ташаббус ва дастгирии собиқ Вазорати ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд филиалҳои Корхона созмон дода шудаанд.

Айни замон дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш мутобиқи басти вазифаҳо дар соли 2021, ки аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 111,5 воҳиди корӣ тасдиқ гардидааст. Ҳоло дар Корхона ва филиалҳои он 109 нафар фаъолият намуда истодаанд, аз ин шумора 31 нафари кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд. Корхона барои эҳтиёҷмандоне, ки аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ барои гузоштани протезу ортезҳо меоянд, дорои статсионар (40 кат/ҷойи хоб) мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар асоси банди 5-и “Қоидаҳои ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, ки бо  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №604 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2017, № 264 “Оид ба тасдиқ намудани роҳхат барои дастрас намудани аробаҷаҳои маъюбӣ”  дар соли 2021  ба ниёзмандон 1614 адад аробачаи маъюбӣ  (960 адад аз ҳисоби захираҳои дар Корхона мавҷудбуда ва 654 адад аз ҳисоби аробачаҳои хайриявӣ) ба эҳтиёҷмандон дастрас карда шудааст.

Дар соли 2021 ба 5640 нафар эҳтиёҷмандон хизмат расонида шуд. Корхона истеҳсоли номгӯи нави воситаҳои тавонбахшро  ба роҳ монда, дар моҳҳои сентябр ва октябри  соли 2021 ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”ноҳияи Варзоб,  Муассисаи давлатии “Маҷмааи  таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” дар ноҳияи Варзоб ва Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кудакони шаҳри Ваҳдат бо воситаҳои ёрирасон  таъмин намудаст.

Дар самти ҳамкориҳо бо дигар муассисаҳои тавонбахшӣ ва солимгардонӣ, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани  хизматрасониҳо ба маъюбону барҷомондагон лоиҳаи “Хизматрасонии мобилии протезӣ” бо автомашинаи махсусгардонидашуда дар муассиса ва хона амал мекунад. Чунин хизматрасонӣ аз бисёр ҷиҳат ба маъюбон фоидабахш буда, барои барқарор кардани қобилияти корию иҷтимоии онҳо аҳамияти калон дорад.

Маҳсулоти тайёри корхона (пойафзолҳои ортопедӣ) то охири ҳар моҳ ба воситаи варақаи супоришнома ба маъюбон дода мешавад. Ба маъюбоне, ки дар маҳалҳои дур зиндагӣ мекунанд, супоришҳояшон тавассути шӯъбаҳои алоқа фиристода мешаванд.

Оид ба рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар соли 2021” сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарипов Шайдулло баромад намуд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади рушду нумуи соҳаи тандурустии вилояти Хатлон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷикистон, аз 30 декабри соли 2020, № 704 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шуд. Дар асоси қарори болозикр қарори раиси вилояти  Хатлон аз 3 феврали соли 2021, №22  ба тавсиб расидааст.

Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон аз 7 банд иборат  мебошад. Бо мақсади татбиқи босамари он фармоиши Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз  4 феврали соли 2021, №19 ба имзо расида, тибқи он  нақшаи чорабиниҳо оид ба  амалисозии барнома тасдиқ гардида,  ситод ҷиҳати назорати иҷрои самтҳои асосии барнома таъсис дода шуд.

Бо фармоиши мазкур аз ҳисоби кормандони Раёсати тандурустӣ ва сармутахассисони ғайривоҳидии Раёсат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят  масъулин оид ба  татбиқи барнома вобаста  карда шудаанд.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон” то имрӯз як қатор корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Дар робита ба татбиқи босамари барномаи мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо мақомотҳои ҳокимиятӣ давлатӣ ва соҳибкорон пурзӯр намоянд.

Дар идома сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ сиёсати кадрҳо ва илми вазорат Саломиддин Юсуфӣ  вобаста ба “То ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардаҳои солҳои 2019-2021 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва хатмкардаҳои солҳои 2020-2022  коллеҷҳои давлатии тиббии ҷумҳурӣ”  баромад намуд.

Бо назардошти мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, аз ҷумла норасоии мутахассисон дар муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Баъдан, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, бонувонро ба ба ҷашни зебои Рӯзи модар табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо саодати рӯзгор, хушбахтӣ, саломативу сарбаландӣ ва дар фаъолияти корӣ барору муваффақият таманно намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Доир ба мавзӯъҳои барррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 916
  • 1,242
  • 949,936