Маъюбон ба табобат ва истироҳат фаро гирифта шуданд

Маъюбон ба табобат ва истироҳат фаро гирифта шуданд
Июл 22
07:59 2019

Ба пешвози Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, 168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар номгўи муассисаҳои системаи Агентӣ як осоишгоҳМуассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»и ноҳияи Варзоб», се истироҳатгоҳҳо: «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дўстӣ»и ноҳияи Ҷайҳун», «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»и  шаҳри Ваҳдат ва «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалаъа (Занинс)» фаъолият менамоянд.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №603 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ» ва фармоиши Вазорати   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2019, №261 «Дар бораи оғози мавсими истироҳатӣ дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ҷиҳати бо табобати санаторию курортӣ фаро гирифтани иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо барорбаркардашуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон фармоиши директори Агентӣ “Дар бораи оғози мавсими истироҳатӣ дар истироҳатгоҳҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24 апрели соли 2019, №11 ба имзо расонида шуд.

Давоми 6 моҳи соли равон аз ҷониби муассисаҳои истироҳатии соҳа 368 нафар бо роҳҳат, 38 нафар роҳбалад ва 58 нафар ба таври шартномавӣ, ки аз инҳо 312 нафар шахсони маъюб мебошанд, дар маҷмӯъ 464 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.

Аз ҷумла: дар “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати  «Дўстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо роҳхат 163 нафар, роҳбалад 29 нафар, шартномавӣ 45 нафар, ҳамагӣ 237 нафар, “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат бо роҳхат 133 нафар, роҳбалад 9 нафар, шартномавӣ 5 нафар, ҳамагӣ 147 нафар ва “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалаъа 72 нафар бо роҳхат  ва 8 нафар шартномавӣ, дар маҷмӯъ 80 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд.

Бояд қайд кард, ки имсол низ  тақсимоти роҳхатҳои санаторӣ – курортӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №603 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторӣ – курортӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва фармоиши дахлдори Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадвал ба роҳ монда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд гузаронидани мавсими истироҳатии соли 2019 Нақша-чорабиниҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия карда шуда, тибқи он  истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳои системаи Агентӣ то оғози мавсими истироҳатии навбатӣ  аллакай корҳои омодагиро ба анҷом расониданд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади дар сатҳ ва сифати баланд гузаронидани мавсими истироҳатии соли 2019  омўзишҳои ғайринақшавӣ дар  муассисаҳои давлатии “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат”, “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дўстӣ» -и ноҳияи  Ҷайҳун” ва “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби  Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи  Ишкошим” доир карда шуда, ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ошкоргардида  ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.

 

Ёдовар мешавем, ки 18 окятбри соли равон дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон доир мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 742
  • 1,242
  • 949,762