Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кормандони соҳа

Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кормандони соҳа
Октябр 25
08:59 2019

Имрӯз, 25 октябри соли равон аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаву пиёз ва сабзӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор карда шуд.

Дар ярмарка 10 тонна картошкаву пиёз ва сабзӣ ба фурӯш гузошта шуда, ба кормандони соҳаи тандурустӣ  бо нархи дастрас фурӯхта шуданд.

Нархи маҳсулотҳои зикршуда дар муқоиса ба нархи бозор хеле арзон ва дастрас буданд. Аз ҷумла нархи сабзӣ 70 дирам, картошка ва пиёз 1сомонӣ ба  фурӯш гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи анъана имрӯзҳо дар вазорату идораҳои кишвар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад.

Иқдоми мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум амалӣ карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 971
  • 1,242
  • 949,991