Имрӯз, 28 октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба шарҳу баррасии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони вазорат семинар-машварат баргузор гардид.
Дар семинар-машварат муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода, Нурзода Ҷумъахон, сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз, Вазиров Собир, сардори шӯъбаи рушди маъмурикунонии андози Раёсати такмили конунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андози Кумитаи андоз, Рабиев Ҷаҳонгир, муовини сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз ва кормандони вазорат иштирок намуданд.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ семинар-машварати мазкурро ҳусни оғоз бахшида, оид ба мақсад ва ҳадафи баргузории вохурӣ ибрози андеша намуд.
Пасон Вазиров Собир, сардори шӯъбаи рушди маъмурикунонии андози Раёсати такмили конунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андози Кумитаи андоз дар мавзӯи низоми андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рабиев Ҷаҳонгир, муовини сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз оид ба фаъолияти андозбандии соҳаи тандурустӣ баромад намуданд.
Дар анҷоми семинар-машварат бахши саволу ҷавоб баргузор гардид.