COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои Иттиҳод ба 569 нафар расид

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои Иттиҳод ба 569 нафар расид
Март 20
07:35 2020

Коронавируси COVID-19 дар 52 шаҳрванди дигари Россия ошкор гардида, шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 199 нафар расид. Дар ин бора  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати субҳи 20 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои ИДМ 569 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, дар Арманистон шумораи онҳо ба 122, дар Молдова ба 49, дар Қазоқистон ба 49, дар Озарбойҷон ба 44, дар Украина ба 26 ва дар Қирғизистон ба 6 нафар расид.

Дар Беларус ва Ӯзбекистон шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 51 ва 23 нафарро ташкил медиҳад.

То имрӯз дар Россия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 7, дар Беларус — 5 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатӣ фавт ва дар Украина ду ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад, ки аз миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,9 ҳазор), Италия (беш аз 41 ҳазор), Эрон (беш аз 18,4 ҳазор), Испания (беш аз 18 ҳазор), Германия (беш аз 15,3 ҳазор), ИМА (беш аз 14,3 ҳазор), Франсия (беш аз 10,9 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,6 ҳазор), Швейтсария (беш аз 4,2 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 3,2 ҳазор) дохил мешаванд.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 245 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 10 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 88,4 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 7,3 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 973
  • 1,242
  • 949,993