Боздиди роҳбарияти вазорат аз марказҳои саломатии пойтахт

Боздиди роҳбарияти вазорат аз марказҳои саломатии пойтахт
Май 15
07:56 2020

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабонаро ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин иқдом шаби 14 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода ва Шодихон Ҷамшед аз  фаъолияти марказҳои саломатии № 6, 8, 10, 13, 14 ва дигар муассисаҳои тиббии пойтахт   боздид ба амал оварданд.

Роҳбарияти вазорат аз рафти  кори шабонаи кормандони марказҳои саломатии мазкур дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар доираи боздиди хеш инчунин роҳбарияти вазорат бо фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатии болозикр шинос шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, пешниҳоди тавсияҳо ба шаҳрвандон дар тамоми марказҳои саломатии пойтахт телефонҳои боварӣ таъсис дода шуда, онҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, роҳбарияти вазорат зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказҳои саломатии мазкур масъалаҳои таъмин намудани онҳо бо маводҳои доруворӣ, насби варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар даромадгоҳҳо ва назорати беморонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан, ёдовар шудан ба маврид аст, ки айни замон роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монда, дар ин самт тамоми талош ва кӯшиши хешро равона намудааст.

Аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорем, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намуда, аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем ба ин вирус ғолиб  бишавем.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,074
  • 1,242
  • 950,094