Аробачаҳои маъюбӣ-воситаи асосии ҳаракати маъюбон

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони кӯмаки аввалияи тибби санитарӣ (КАТС )- и шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ зимни амалишавии лоиҳаи Равзанаи ягонаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7  то 11-уми октябри соли ҷорӣ дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ дар мавзӯи “Басти заминавии хизматрасониҳо дар самти аробачаҳои маъюбӣ барои мутахассисони муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ” баргузор гардида истодааст.

Мавзӯъҳои асосии даври омӯзишии мазкур иборат аз тарзу усул, намунаҳо ва истифодабарии дурусти онҳо дар асоси таснифоти воситаҳои техникии тавонбахшӣ, нақши болиштҳои сабуккунанда дар аробачаҳои маъюбӣ буда, инчунин мутобиқсозӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи аз кишвари Гурҷистон омӯзонида мешаванд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ба истифода додани шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо

Суғд. Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Беморхонаи клиникавии вилоятӣ ба номи Сангин Қутфиддинов

Оид ба омӯзиши чораҳо вобаста ба устуворӣ нисбати дорузои зиддимикробӣ бо мақсади таҳкими низоми тандурустии табобат мизи мудаввар доир гашт

Рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон” бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ гашт

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор

Search