ХАБАР БАРОИ МУЛОҲИЗА! Коршиносон сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми COVID-19-ро дар Арабистони Саудӣ рухсати барвақт додан ба фаъолияти масҷидҳо арзёбӣ мекунанд

ХАБАР БАРОИ МУЛОҲИЗА! Коршиносон сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми COVID-19-ро дар Арабистони Саудӣ рухсати барвақт додан ба фаъолияти масҷидҳо арзёбӣ мекунанд
Июн 17
10:44 2020

Шурӯъ аз 1 июни соли 2020 дар Арабистони Саудӣ ҳолати карантинӣ, ки вобаста ба пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ гардида буд, сабук гардида, барои фаъолияти масҷидҳо расман иҷозат дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Аlarabia.net.

Аммо мувофиқи таҳлили мутахассисони соҳаи тандурустӣ, тасмими мазкур ба он оварда расонд, ки агар аз аввали мавсим то имрӯз дар ин кишвар 132 048 нафар сироят ёфта бошанд, баъд аз оғози фаъолияти масҷидҳо ва бекор кардани карантин 46 787 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ки 35,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагонро ташкил медиҳанд. Танҳо дар шабонарӯзи охир 4507 нафар аз вируси нав сироят ёфтаанд.

Сабаби ногаҳон авҷ гирифтани мавҷи дуюми бемориро коршиносони соҳа чунин шарҳ медиҳанд, ки дар ин кишвар барои фаъолияти масҷидҳо хеле барвақт рухсат дода шудааст. Маҳз таҷаммуи одамон дар масҷидҳо боис гардидааст, ки ин беморӣ ногаҳон ва бо суръати тез паҳн шавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,030
  • 1,242
  • 950,050