Боздид аз Дармонгоҳи ноҳияи Файзобод

Боздид аз Дармонгоҳи ноҳияи Файзобод
Июн 19
08:11 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондаанд.

Бо ин мақсад  шаби 18 июни соли  ҷорӣ  Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дармонгоҳи ноҳияи Файзобод дидан намуд.

Зимни боздид муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо фаъолияти дармонгоҳи мазкур шинос шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳову мушкилоти мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 743
  • 1,242
  • 949,763