ВОКУНИШ ба матлаби Payk.tj

ВОКУНИШ ба матлаби Payk.tj
Июн 26
17:02 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби сомонаи Payk.tj-ро таҳти унвони “Вазири тандурустӣ таваллудхонаро бастааст, занҳои ҳомиладори коронавирус дар куҷо табобат гиранд?”, ки санаи 25 июни соли равон   ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Тавре дар матлаби мазкур омадааст:  “Тибқи супориши вижаи вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дарҳои таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Кӯлоб барои занони ҳомиладори гирифтори бемории Ковид-19 аз ин ба баъд бастааст”.

Дар робита ба ин, иттилоъ медиҳем, ки аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як супориши вижае дар робита ба бастани таваллудхонаи мазкур содир нашудааст ва ин ваҷҳи дар хабар дарҷгардида асоси воқеӣ надорад.

Инчунин, дар робита ба рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур мо бо Сардори раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб Садриддин Ғаюров ҳамсуҳбат шудем.

Тавре номбурда афзуд, тасмими мазкур танҳо ба хотири корҳои безараргардонӣ гирифта шуда буд. Инчунин, ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки рӯзҳои охир муроҷиати занҳои ҳомила  бо нишонаи  бемории КОВИД-19 ба таваллудхонаи мазкур ба қайд гирифта нашуда буд. Бо ин мақсад тасмим гирифта шуд, ки таваллудхонаро безарар намуда, онро барои баргаштан ба фаъолияти муқараррӣ омода намоянд. Аммо, мутаассифона, дар вақти гузаронидани корҳои безараргардонӣ дар таваллудхона, чор нафар зани ҳомиладор бо нишонии бемории КОВИД-19 ошкор карда шуданд. Ба ҳамин хотир, тасмим гирифта шуд, ки гумонбарони бемории мазкурро  дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб як муддати муайян таҳти назорати табибони занона қарор бидиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки аллакай  баъди корҳои безараргардонӣ беморони болозикр ба Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Кӯлоб  интиқол дода шуда, табобат гирифта истодаанд  ва минбаъд занони ҳомиладоре, ки бо гумони сирояти КОВИД-19 дарфт мегарданд, дар таваллудхонаи мазкур ба табобат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990