Дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модарону кӯдакон

Дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модарону кӯдакон
Ноябр 09
10:53 2020

Ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як  қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» эътироф карда шудаанд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 қайд гардид, дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ дар кишвар нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то 5 сола 3,2 баробар кам шудааст.

Баҳри паст намудани беморшавӣ  ва фавти кӯдакон ва расидан ба Ҳадафҳои  Рушди Устувор  дар соҳаи ҳифзи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон масъалаҳои афзалиятноки соҳа ин беҳтар намудани  хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон боқӣ мемонад.

Бояд қайд кард, ки баҳри беҳтар намудани дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои вазъи солимии модарону кӯдакон ва паст намудани фавти онҳо як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» (с.2002), «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» (с.2006), «Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ» (с.2010), инчунин, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакону наврасон дар давраи то соли 2015” (с.2008), «Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2015), «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2024» (с.2014), «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» (с.2017), “Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014” (с.2008), “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” (с. 2016), “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020” (с.2017), “Барномаи миллии ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” (с.2011), “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2020” (с.2019) ва “Барномаи миллии коммуникатсионӣ ва нақшаи “1000 Рӯзи аввали ҳаёти кӯдак” барои солҳои 2020-2024” (с.2020)  қабул карда шуданд, ки онҳо барои устувории заминаи меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои ҳифзи солимии модару кӯдакон мусоидат намуданд.

Ҳамчунин, дастоварди муҳим дар соҳаи ҳифзи саломатии кӯдакон 1 сентябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани бинои нави муосири Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои  сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе мебошад, ки он барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакони гирифтори бемориҳои сироятӣ ва паст намудани фавти кӯдакон мусоидат менамояд.

Гуфтан бамаврид аст, ки давоми солҳои охир дар кишвар якчанд усулҳои нави инноватсионии табобати кӯдакон, аз ҷумла ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил, ҷарроҳии тармими ҷоғу рӯй, табобати бемориҳои саратони кӯдакона, нейроҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии бемориҳои ортопедӣ, алалхусус бемории фалаҷ ба роҳ монда шуданд.

Инчунин, бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Барномаи миллии  тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” Хонаҳои кӯдакони амалкунанда ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак табдил дода шуда, ҳамчун алтернатива ба шаклҳои нигоҳубин дар муассисаҳои будубоши доимӣ  мебошанд. Мақсади фаъолияти ин муассисаҳо аз таъмин намудани манфиатҳои қонунии кӯдакон дар синну соли бармаҳал, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ дучор шудаанд ва мусоидат намудан барои тарбия ва нигоҳубини кӯдак дар муҳити оилаи муносиб мебошад.

Бояд қайд кард, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои беҳбудии аҳолӣ мебошад. Бо назардошти муҳимияти масъала қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи йодноккунии намак” ва «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд (с.2017). Дар натиҷаи амалисозии ин қонунҳо, тайи 8 соли охир нишондиҳандаҳои қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнӣ нисбати синну сол дар байни кӯдакон кам гардида, он аз натиҷаи мусбии татбиқи самараноки сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак гувоҳӣ медиҳад.

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,242
  • 949,763