Гирифторони бистарибудаи бемории коронавируси нави COVID-19 пас аз табобат аз беморхона рухсат дода шуданд

Гирифторони бистарибудаи бемории коронавируси нави COVID-19 пас аз табобат аз беморхона рухсат дода шуданд
Декабр 31
15:57 2020

 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии

аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Абдуллозода

“Соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок-бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад”. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 августи соли равон зимни вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат баён намуданд.

Воқеан, соле, ки сипарӣ мегардад, барои кормандони соҳаи тандурустии мамлакат соли душвор ва пурмасъулият ба шумор меравад. Зеро, давоми соли ҷорӣ паҳншавии пандемияи COVID-19 дар баробари сокинони кишварҳои олам, ҳамзамон сокинони кишвари моро низ нигарон намуда, масъулияти табибонро дар назди ҷомеа боз ҳам бештар намуд.

Бояд гуфт, ки табибони кишварамон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза  бурданд.

Қобили зикр аст, ки талошу заҳматҳои табибони кишвар дар самти мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар қадрдонӣ карда шуд.

Махсусан, дар давраи сипаригардида бо мақсади андешидани чораҳои фаврӣ дар ҳошияи чорабиниҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №АП-1378 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати ин сироят дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, ҷудо карда шуд.

Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки 18 августи соли равон  бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаи тандурустӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани ёрии тиббӣ ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ-Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени Шараф дараҷаи I, 3 ордени Шараф дараҷаи II, 27 Медали Хизмати шоиста, 17 медали Шафқат ва Ифтихорномаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Мо-кормандони соҳаи тандурустии мамлакат дар чунин як давраи душвор дастгирӣ ва пуштибонии амиқи Пешвои муаззами миллатро дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 амиқан эҳсос намудем.

Тавре иттилоъ дорем, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории коронавируси нави COVID-19 аз 18 ноябри соли равон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда  шуд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонида, дар ин самт низ фаъолияти хешро пурзӯр намуда истодааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба кулли мардуми Тоҷикистон як хабари хушҳолкунандаро  расонам.

Тибқи таҳлилҳо, давоми рӯзҳои охир дар кишварамон сатҳи гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 бамаротиб коҳиш ёфта истодааст.  Махсусан, 30 декабри соли равон охирин гирифторони бемори COVID-19, ки дар беморхона табобат мегирифтанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ба ҳолати имрӯз, 31-уми декабр дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавируси нави COVID-19  ба қайд гирифта нашудааст.

Мусаллам аст, ки ин нишондиҳанда самараи талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони соҳаи тандурустӣ ва дастгириву риояи шаҳрвандони кишвар аз иқдомҳои Ҳукумати мамлакат ва тавсияҳои мутахассисони соҳа дар самти пешгирии бемории мазкур ба ҳисоб меравад. Аммо, ин ҳолат маънои онро надорад, ки бемории коронавируси нави COVID-19  аз кишварамон пурра аз байн рафтааст. Дар навбати худ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти хешро дар самти табобат ва пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро  идома дода, бо баргузории ҷаласаҳои ситод пайваста вазъи бемории мазкурро дар кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар ин росто, бори дигар аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки  чораҳои пешгирикунандаи бемории коронавируси нави COVID-19, аз қабили пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пайваста шӯстани дастонро риоя намуда, худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ бидоранд. Зеро, то ҳол дар баъзе аз нуқоти ҷаҳон ин беморӣ бедодгарӣ менамояд ва эҳтимоли паҳншавии мавҷи дуюми он аз байн нарафтааст.

Албатта, он рӯз дур нест, ки мо ба ин беморӣ  ғолиб меоем ва бидуни ниқоби тиббӣ бо ҳам озодона суҳбат  мекунем ва ба кору зиндагии муқаррарӣ бармегардем. Барои расидан ба ин марҳилаи хушҳолкунанда моро лозим аст, ки  ба саҳлангорӣ роҳ надода, қоидаҳои пешгирикунандаи ин бемориро қатъиян риоя намоем.

Дар охир кулли ҳамватанони азизро ба Соли нави мелодии 2021 табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Бигзор соли 2021 барои ҳар як сокини Ватани азизамон соли дастовард, муваффақият ва комёбиҳои беназир  бошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 575
  • 1,242
  • 949,595