Ҷаласаи фосилавӣ оид ба скрининги баромади модарзодии косу рон дар навзодон

Ҷаласаи фосилавӣ оид ба скрининги баромади модарзодии косу рон дар навзодон
Январ 22
08:10 2021

Дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2018, №277 Дар бораи саривақт муайян намудани дисплазия ва баромади модарзодии буғуму косу рон дар навзодон, табобати он дар навзодон ва пешгирии маъюбшавӣ  21 январи соли равон бо иштироки муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Зулфия Абдусаматзода, роҳбари Ассотсиатсияи ортопед ва ҷарроҳони  Швейтсария профессор Томас ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ҷаласаи фосилавӣ доир гардид.

Дар навбати худ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ассотсиатсияи мазкур дар самти  беҳтар намудани саломатии кӯдакон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади пешгирии маъюбшавии кӯдакон аз баромади модарзодии косу рон Лоиҳаи Скрининги баромади модарзодии косу рон ва навзодон аз соли 2018 дар ду муассисаи таҷрибавии кишвар, Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологиии Тоҷикистон” ва Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе  амалӣ карда шуда истодааст.

Дар ҷараёни вохурӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои пешгирии маъюбшавии кӯдакон мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Бояд гуфт, ки тадбири мазкур  ҷиҳати пешгирии маъюбшавии кӯдакон равона гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 731
  • 1,242
  • 949,751