Омилҳои ташаккулёбии тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январ 27
09:30 2021

Заминаҳои солимии инсон асосан дар давраҳои тифлӣ ва наврасӣ гузошта  мешаванд. Бофарҳангӣ ва маърифатнокии аҳолӣ, ки ба унсурҳои қадимтарини тамаддуни инсонӣ тааллуқ доранд, дар як вақт ба тафаккур ва эҳсос таъсири худро мегузоранд. Онҳо ба фаъолнокии иҷтимоии шахс мусоидат намуда, ба ӯ имкон медиҳанд, ки интихоби дуруст намояд, хавфу хатарҳои барои саломатӣ пешомадаро пасисар намуда, қувваи ҳаракатдиҳандаи рушди ашхоси маъюб, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.

Вобаста ба мавзӯъи мазкур доктори илмҳои тиб Амонулло Ғоибов ба хабарнигори moh.tj чунин иброз дошт:

Сиёсати иҷтимоии давлат ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона шудааст. Яке аз самтҳои муҳимтарини он барпо намудани низоми ба таври самаранок амалкунандаи риоя ва татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон маҳсуб меёбад.

Бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қабули онро зарурати ба тарбияи насли ҷавону ояндадори мамлакат равона кардани таваҷҷуҳи ҷомеа ба миён гузошт. Ин санади миллӣ  имрӯз натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодааст.

Ин ибтикор аз он сабаб роҳандозӣ гардид, ки мамлакати аз захираҳои табиӣ ва инсонӣ бой зери хатари косташавии на танҳо асосҳои ахлоқии ҳаёт, балки барҳамхӯрии бисёр унсурҳои муҳими зиндагии одамон қарор гирифта буд, ки онҳо ба солимии ҳар сокин ва аҳолии мамлакат бетаъсир намемонданд. Таъсири ин падидаро дар оила бояд ҷуст, ки  он ахлоқи шахсиятро дар синну соли тифлӣ ва наврасӣ ташаккул медиҳад. Дар ин давра одамон аввалин таҷрибаи таъсири байниҳамдигарии иҷтимоиро аз худ менамоянд, ки дар ин росто  боғчаи кӯдакона, мактаб ва кӯча то андозае нақши худро гузошта, тарафҳои иҷтимоии шахсиятро муайян менамоянд ва муносибати ӯро ба тарзи ҳаёти солим равшан месозанд.  Ҳамаи ин дар навбати худ вазъияти муайянкунандаи тиббӣ-демографӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоиро дар давлат ба танзим медарорад.

Зимнан, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030» ва дигар барномаҳои соҳавӣ, ноилшавӣ ба некӯаҳвоии иқтисодӣ ва иҷтимоии ашхоси осебпазир дар шароити бартарияти принсипҳои озодӣ, шарафи инсонӣ ва имкониятҳои баробар ҷиҳати амалӣ сохтани ҳуқуқҳои ҳар нафар дар маркази диққат қарор дода шудаанд.

Гузаштагони мо ҳамеша аз фарзандони худ тақозо менамуданд, ки тарзи  ҳаёти солимро дар асоси банақшагирии оила ва барпо намудани оилаи солим ҳифз намоянд. Ғайр аз ин, баъди ба мактаб рафтани фарзандашон ба солимӣ ва инкишофи ҷисмонии онҳо эътибори махсус медоданд. Ба мардум талқин мегашт, ки аз никоҳи хешу таборӣ ва бисёрфарзандӣ худдорӣ намуда, насле ба дунё оварда, тарбия намоянд, ки боақл, саводнок, дорои маданияту фарҳанги  воло ва барои ҷомеа манфиатнок бошанд ва хона, волидон ва ватани худро ҳифз карда тавонанд.

Мутобики Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» давоми ду соли охир дар мамлакат  бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардондани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ, ҳамчунин, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таҳкими худогоҳию худшиносӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа роҳандозӣ мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баргузории чунин озмун моҳияти таълимиву тарбиявӣ ва маърифатию фарҳангӣ дошта, яке аз бузургтарин дастовардҳо ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки тарбияи оилавӣ ва танзими таваллуди фарзанд дар асарҳои оламшумули олимон ва мутафаккирони бузурги гузаштаи тоҷик инъикоси васеи худро ёфтаанд. Онҳо аз мардум даъват менамуданд, ки нақши оиларо баланд бардоранд, ба меҳнати созандагӣ ҳамроҳ шаванд, дастовардҳои фарҳангиро ҳифз ва афзун намоянд, ба калонсолон арҷ гузоранд, мардону занон бошанд, бо назардошти имконияти воқеии худ фарзанд ба дунё оранд.

Ҳангоми чунин тарзи ҳаёт танзими фаъолияти инсонӣ тавассути арзишҳое амалӣ мегардад, ки интихоби бошууронаи объектҳои равонасозии қувва, ҳолат, талабот ва ҳадафҳои асосҳои баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ- иқтисодии ба сохтори муосири давлат мувофиқро фароҳам меоранд. Пайравӣ ба низоми номбурда ба ҷомеа ва шахсият ёрӣ медиҳад, ки хубро аз бад, идеалиро аз беандешагӣ, ҳақиқатро аз гумроҳӣ, равшаниро аз торикӣ, адолатро аз беадолатӣ, равоиро аз мамнӯъгӣ ва муҳимиятро аз беаҳамиятӣ  фарқ кунад.

Бояд гуфт, ки солимии ҳар одам ба солимии тамоми ҷомеа бо қабули барномаҳои дар он амалкунандаи иҷтимоӣ вобаста мебошад.  Ба принсипҳои асосии бунёдии тандурустии ҷамъиятӣ такя намуда, чунин мавқеъҳои маъмулиро ба мисли риояи меъёрҳои санитарӣ, назорати доимӣ аз болои сифати маҳсулотҳои ғизоӣ, шароитҳои меҳнат, омилҳои экологӣ, бемориҳои сироятӣ, солимии модару кӯдак пайравӣ намуда, набояд фаромӯш сохт, ки ҳамаи онҳо ба беҳтаркунонӣ ва ҳимоя зарурат доранд. Ба таври дигар, онҳо ҳамчун масъалаҳои афзалиятнок  ва мубрами рӯз боқӣ мемонанд. Ба инҳо метавон масъулияти таъмини дастрасии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи стандартҳои ҷаҳониро дохил кард.

Дар солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар мамлакат амсилаи нави ташаккули тарзи ҳаёти солим қабул карда шудааст ва солимии одамон, аз ҷумла кӯдакон аз бисёр ҷиҳат ба он вобастагӣ дорад. Ҳамзамон, вазифаи муҳимтарин дар беҳтар кунонидани солимии аҳолӣ такмили усулҳо ва баланд бардоштани самаранокии тарбияи муносибатҳои нав ба солимии худ дар ҳар як одам  маҳсуб меёбад.

Дар ин маврид, рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ имкон медиҳанд, ки ислоҳоти ҷиддии иҷтимоӣ-иқтисодӣ гузаронида шаванд, ки барои рушди устувори мамлакат, ташаккули тарзи солими ҳаёт ва афзудани  давомнокии миёнаи ҳаёт ниҳоят муҳим мебошанд. Ба шумори механизмҳои асосии инкишофи нишондиҳандаҳои он-солимии миллатро ҳамчун вазифаи афзалиятноки стратегию умумимиллӣ ҳисобидан мумкин аст.  Аз ин рӯ, ҳифз ва мустаҳкам намудани солимӣ, тарзи солими ҳаёт-ин мафҳумҳое мебошанд, ки фақат ба мушкилоти тиббӣ  тааллуқ надоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин падида заминаҳои воқеии худро дорост. Зеро, маълум аст, ки агар душманон хоҳанд як давлатро нобуд созанд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нобуд месозанд. Аз ин лиҳоз, қабул гардидани солҳои зикршударо ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро метавон давоми талошҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги миллии тоҷикон ҳисобид.

Ҳамчунин, дар ҷашнҳову санаҳои муҳим, ба монанди Рамазон, Қурбон, Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Рӯзи парчами миллӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои истироҳат маҳсуб меёбанд, як қатор анъанаву оинҳои мардумӣ мавриди иҷроиш қарор мегиранд.  Тибқи онҳо одамон зиддиятҳоро як сӯ гузошта, ҳамдигарро мебахшанд, қурбонӣ мекунанд, мазорҳо ва оромгоҳҳоро зиёрат мекунанд, қабри наздикону пайвандонашонро тозаю озода, беморонро зиёрат карда, ба кӯдакони ятим ва маъюбон  ҳадяҳо тақдим карда,  аз рафторҳои бад худдорӣ менамоянд. Дар қатори ин, унсури муҳимтарини тарзи ҳаёти солим сатҳи маълумот ва рушди фарҳанги солимӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Саводнокии умумӣ ва касбияти баланди мутахассисони собиқадор ва чӣ ҷавонон  дар бахшҳои мухталиф дар навбати худ имкон медиҳанд, ки хавфу хатарҳои солимӣ пешгирӣ карда шаванд.

Дар ҳаёти оилавӣ ва ҷомеа анъанаҳо ва оинҳои пешқадам ҳифз гардида, эҳё ва паҳн карда мешаванд, ки ба ҳолати равонӣ ва сатҳи рушди фарҳангии мардум созгор мебошанд.  Дар ин ҳол  заминаи пешбурди сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг инчунин, тандурустӣ ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва мустаҳкамкунии  ягонагии  миллӣ маҳсуб  меёбанд.

Ҳамин тавр, маориф, фарҳанг ва нигоҳдории тандурустӣ қувваи ҳаракатдиҳанда ва нишондиҳандаҳои рушди шахсият ва давлат, пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, ба ташаккулёбии муносибати бомасъулиятона  ба солимии худ ва рушди демографии мамлакат мусоидат менамоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 640
  • 1,242
  • 949,660