Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои ободонии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав дидан намуда, ҳамзамон бо беморон ва наздикони онҳо гуфтугӯи озод анҷом дод

Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои ободонии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав дидан намуда, ҳамзамон бо беморон ва наздикони онҳо гуфтугӯи озод анҷом дод
Январ 28
17:49 2021

Имрӯз, 28 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз  рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав боздид ба амал оварда, инчунин, бо  ҷараёни корҳои ободонии назди бинои беморхона шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаи  номбурда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бори дигар таваҷҷуҳи масъулини беморхонаи мазкурро ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ иброз доштанд, ҷалб намуда, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба  роҳбарият ва кормандони беморхона дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тавре иттилоъ дода шуд,  айни ҳол корҳои таъмирии шӯъбаи сироятӣ ва  назди  ҳавлии бинои беморхонаи мазкур бомаром идома доранд. Аснои боздид ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таъмирию тармимӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба масъулини беморхона супоришои мушаххас дод.

Ҳамзамон, дар беморхонаи мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор беморон ва наздикони онҳо гуфтугӯи озод анҷом дода, доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 744
  • 1,242
  • 949,764