Паёми табрикотии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон

Паёми табрикотии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон
Август 18
16:55 2021

Бо истифода аз  фурсати муносиб тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи иди касбиашон, ки ҳамасола 18 август ҷашн гирифта мешавад ва он ба Рӯзи зодрӯзи поягузори илми тиб, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, самимона табрику шодбош намуда, ба эшон солимию саодатмандӣ, хушбахтиву бурдборӣ ва дар фаъолияти корӣ комёбиҳои беназир ва дастовардҳои нав ба навро таманно намоям.

Сараввал мехоҳам қайд намоям, ки таи 2 соли охир пандемияи COVID-19 вазъи эпидемиологии ҷаҳонро на танҳо тағйир дод, балки тамоми кишварҳои оламро ба буҳрони иқтисодӣ дучор  намуда, ҷони ҳазорҳо одамонро аз байн рабурд. Ҷумҳурии мо низ дар ин раванд истисно набуд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи шахсоне, ки дар давоми пандемияи COVID- 19 наздикону пайвандони худро аз даст додаанд, ҳамдардии амиқи худро изҳор менамоям.

Ҳамкасбони гиромӣ!

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз таҷлил намудани Рӯзи касбии табибони кишвар бори дигар қадршиносӣ ва арҷгузорӣ намудани ҷомеа ба заҳматҳои шабонарӯзии ин қишри ҷомеа мебошад.

Дар воқеъ, касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад.

Дар ин аём вақте, ки дар тамоми дунё зиёда аз 204 миллион одамон гирифтори бемории COVID– 19 гардида, зиёда аз 4,3 миллион одамон аз ин беморӣ фавтидаанд ва кулли табибони дунё ба ин мушкилот мубориза мебаранд, мо бояд дар адои вазифаҳои касбии худ содиқ бошем ва ба қадри заҳматҳои мутахассисони соҳа бирасем. Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода намуда, миннатдории хеш ва роҳбарияти вазоратро ба тамоми кормандони соҳа изҳор менамоям.

Як нуқтаро мехоҳам таъкид намоям, ки маҳз бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ барои хизматҳои бемислу монанди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино  дар рушди илми тиб дар кишвар як қатор иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии мамлакат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ин чеҳраи мондагори таърих гузошта шуд. Барои  олимони кишвар, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ихтироъкорӣ менамоянд, ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис ёфт. Яке аз ноҳияҳои калонтарини шаҳри Душанбе низ ба номи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гузошта шуд.

Ҳамкасбони гиромӣ!

Боиси ифтихор аст, ки вохурии имрузаи  мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ  30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бо мақсади фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ як қатор муассисаҳои шифоию пешгирии муосир дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ, шаҳри ва ноҳиявӣ бунёд гардиданд.

Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо  ворисони Синои бузург дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони азизамон саҳми намоён гузошта истодаанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад, ки ин албатта аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 34 маротиба дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тибби мамлакат мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ карданд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва дар ин замина ба ислоҳоту азнавсозии ҷиддии соҳа  такони ҷиддӣ бахшиданд.

Ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ зарурати гузариш ба принсипи тибби оилавӣ ба миён омад, ки ҳамчун ихтисоси нав тайёр намудани мутахасисони тибби оилавиро талаб намуд. Бо ҳамин мақсад маҳз бо ҳидояту роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳо ҷиҳати омода намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббии кишвар ба роҳ монда шуд. Яке аз вазифаҳои асосии соҳаи тандурустӣ дар даврони истиқлолият ин бештар ворид намудани  усулҳои муосири ташхису табобат дар амалияи тиббӣ мебошад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар кишвар бо дарназардошти муассисаҳои хусусии тиббӣ 41 адад дастгоҳҳои  томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ мавҷуд буда, дар соли 2021 инчунин 13 адад таҷҳизоти мазкур дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ насб карда шуданд. Ҳамзамон, феълан дар ҷумҳурӣ 67 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, зиёда аз 170  адад дастгоҳи рентгении рақамӣ, зиёда аз 40 адад дастгоҳи поксозии хун (гемодиализ), 14 адад дастгоҳ барои майда кардани санги гурда (литотриптор), 9 адад дастгоҳи рентгенӣ барои ташхиси ғадуди ширӣ (маммограф), 8 адад таҷҳизоти ташхиси нурии дилу рагҳо (ангиограф)  ва 5 адад дастгоҳи ташхисиву табобатӣ дар самти бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ (ЛОР-комбайн) ва дигар таҷҳизоти муосир фаъолият доранд.  Ин дар ҳолест ки шумораи чунин дастгоҳу таҷҳизот дар солҳои аввали соҳибстиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 1-2 ададро ташкил медод.

Бояд гуфт, ки танҳо давоми як соли охир азнавсозӣ, таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби  Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд воқеан назаррас мебошад. Бинобар ин, мо кормандони соҳа ба Ҳукумати кишвар, хоса ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа изҳори сипосу миннатдории хешро иброз менамоем. Маҳз чунин дастгириҳои Ҷаноби Олӣ ба соҳаи тандурустӣ имкон дод, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва андешидани чораҳои зиддиэпидемикӣ суръати шиддати сироятёбӣ ва ҳолатҳои фавт аз бемории КОВИД-19 дар кишвари мо нисбат ба бисёре аз дигар кишварҳо кам карда шавад.

Бо мақсади пешгирии сирояти мазкур бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз ба ҷумҳурӣ зиёда аз 4 миллион воя ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна” ва “Спутник V” ворид гардида, беш аз 1 миллиону 700  ҳазор нафар сокинони кишвар ба эмкунӣ фаро гирифта шуданд, ки ин нишондод дар шаҳри Душанбе зиёда аз 77 %-ро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, корҳо дар ин самт идома дорад.

Ҳамкасбони гиромӣ!

Дар фарҷоми сухан бо камоли эҳтиром ва боварии комил изҳор менамоям, ки мо кормандони соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат рўҳи илҳоми тоза гирифта, дар оянда донишу маҳорати касбии хешро баҳри боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимии аҳолии кишвар равона намуда, ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои нав ба нав пешвоз мегирем.

Бори дигар иди касбиатон муборак бошад, ҳамкасбони азиз!

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 960
  • 1,242
  • 949,980